Абусаид Баҳодурхон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абусаид Баҳодурхон
хони муғул

Абусаид Баҳодурхон — охирин хони муғул аз силсилаи Элхонҳо.

Ҳукумрониҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Абусаид Баҳодурхон пас аз марги падараш ӯлҷойтухон (1316) дар Табрез ба тахти салтанат нишаст, вале чун ҷавон буд, қудрати воқеӣ дар дасти амир Чӯпон қарор дошт. Авзои сиёсии ин давра ба сомон набуд; амирони муғултабор пай дар пай қиём мебардоштанд. Оқибат соли 1324 амирони муғул бар зидди амир Чӯпон шӯриданд. Вазири нав Нусратуддин Одили Насавӣ натавонист дар ислоҳи умури идорӣ муваффақ шавад. Дар натиҷаи даргириҳо, Абусаид Баҳодурхон бо баҳонае амир Чӯпон ва фарзандони вайро ба қатл расонд (1338). Рӯйдодҳои сиёсӣ ва низомие, ки дар ин муддат рух доданд, ғайримустақим боиси равнақи нуфузи Усмониёни турк дар Осиёи хурд гардиданд. Пас аз қатли амир Чӯпон, давраи нави ҳукумати Абусаид Баҳодурхон оғоз мешавад, вале дар Хуросон ошӯбҳои амирони муғул дубора шиддат гирифтанд.

Запкориҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳар яке аз амир ё волии элхониён хоҳони истиқлол шуда, ноҳияи Ҳирот, Балх, Нишопур, Мозандаронро пайваста ғорат мекарданд. Оли Карти Ҳирот низ барои истиқлоли хеш мубориза мебурд. Муғулони чағатоӣ пайваста ба шаҳру вил. Хуросон ҳамла мекарданд. Абусаид Баҳодурхон тавонист шӯриши Тош Темур ва Норин Туғойро саркӯб намояд. Ба ҳамин тариқ, Абусаид Баҳодурхон ҳукумати худро дар Хуросон барқарор кард, вале дар юриши зидди ӯзбакхон (1336) бар асари беморӣ дар Қаробоғи Озарбойҷон даргузашт. Абусаид Баҳодурхон сиёсати мусолиматомезе бо мамлукони Миср дошт. Иддае аз шоирони маъруфи он рӯзгор, аз қабили Хоҷуи Кирмонӣ, Авҳадии Мароғаӣ, Аҳмади Табрезӣ шахсият ва фазоили Абусаид Баҳодурхонро тавсиф кардаанд. Абусаид Баҳодурхон илова бар сурудани шеър, хати арабиро хеле зебо менавишт. Ҳамчунин ба мусиқӣ низ муҳаббат дошт ва удро некӯ менавохт.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]