Абусаид Махдум

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абусаид Махдум
Санаи марг:

1910

Маҳалли марг:

Самарқанд

Абусаид Махдум (? – 1910, Самарқанд) — хаттот ва кишваршиноси тоҷик, гирдоварандаи дастнависҳои шарқӣ ва осори атиқа.

Зиндагинома[вироиш]

Аз оилаи мударрисоли Дар Мадрасаи Тиллокории Самарқанд таҳсил кардааст. Аз овони ҷавонӣ ба таъриху маданияти тоҷик ва дигарон халқҳои Осиёи Миёна шавқи зиёд дошта, ҳангоми таҳсил дар мадраса бисёр асарҳои таърихиро гирдоварӣ ва китобат намудааст. Дертар бо шарқшиносони рус Н. И. Веселовский, В. В. Бартолд, В. Л. Вяткин, Абусаид Махдум Семёнов шинос шуда, дар омӯзиши осори ниёгони тоҷикон бо онҳо ҳамкорӣ кардааст.

Корҳо[вироиш]

Барои Н. И. Веселовский асари таърихии Абутоҳирхоҷа «Сармария»-ро китобат кардааст, ки тарҷумаи русии он соли 1899 ба табъ расид. Ғайр аз ин барои В. В. Бартолд бисёр дастнависҳои шарқӣ, аз ҷумла нусхаҳои асари таърихии Мирхонд «Равзат-ус-сафо»-ро гирд овардааст. Барои Музейи маданияти Осиё (Москва) васиқаҳо, ҳуҷҷатҳои давлатӣ, вақфномаҳо ва ғайраро ҷамъ намудааст. Ба В. Л. Вяткин дар кори муайян намудани ҷойи Расадхонаи Улуғбек ёрӣ расонда, солҳои 1908 – 09 дар ҳафриёти он иштирок кардааст.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]