Абусимбал

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ибодатхонаи Рамзес

Абусимбал (أبو سمبل ) — сахра дар соҳили ғарбии дарёи Нил, ки дар он дар давраи ҳукмронии Рамзеси II (13881322 то м.) — ду ибодатхонаи машҳури Мисри Қадим тарошида шудааст.

Сохтумони Абусимбал[вироиш]

Ибодатхонаи калон ба шарафи худи шоҳ Рамзеси II, ибодатхонаи хурд ба шарафи зани якуми ӯ – малика Нофретари бино ёфтааст. Дар Абусимбал ҳайкалҳо ва мусаввараҳо мавҷуданд. Дар ду тарафи даромадгоҳи ибодатхонаи калон чор ҳайкали бузурги Рамзеси II дар ҳолати нишаста дар сахра (баландиашон тақрибан 20 м) тарошида шудааст. Дар ин маъбад инчунин симои худовандии шоҳ Рамзеси II дар ҳолати таъзимкунӣ ба худ пушт ба девор тасвир ёфтааст, ки дар иҳотаи шоҳони дигар боҳашамтар менамояд. Дар пеши маъбади хурд 6 ҳайкали бо усули горелйеф тарошида истодаанд, ки дар ҳар тарафи онҳо ду симои шоҳ ва як симои малика тасвир ёфтаанд. Дар андоми ҳайкали дуюм (дар қисми ҷанубии маъбад) навиштаҷоте мавҷуд аст. Онро ҷанговарони зархариди ионӣ, ки дар давраи ҳукмронӣ Псамметихи I (664 – 610 то м.) вақти ақибнишӣ аз Элефантина ба Эфиопия кандакорӣ кардаанд. Дар навиштаҷоли иэроглифӣ ин сахраи регии баландиаш 100 м «кӯҳи муқаддас» номида шудааст. Аз сабаби он ки дар ин сахра иншооти истеҳкомӣ сохта шудаанд, онро дар иэроглифҳо «қалъаи Рамзес» номидаанд. Номи ҳозираи Абусимбал аз номи сахрае гирифта шудааст, ки дар он ҷо дарё маҷрояшро дигар мекунад. Дар ин сахра нақши барҷаста (барелйефӣ)-и марди мисрии пешдоманаш нӯгтез кандакорӣ шудааст, ки ба назари маллоҳони араб ба хӯша монанд менамудааст. Бинобар ин он тасвирро Абусимбал номидаанд. Баъдтар тамоми сахраҳо ва маъбадҳои дар онҳо биноёфта Абусимбал ном гирифтаанд. Дар натиҷаи сохтмони дарғоти Асвон хавфи зери об мондани Абусимбал пеш омад. Аз ин сабаб Абусимбал солҳои 1963 – 1967 ба ҷойи бехавф кӯчонда шуд. Ҳоло он 65 м баландтар ва 200 м дуртар аз дарё, 280 км ҷанубтари Асвон ҷойгир аст.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]