Jump to content

Абутоҳири Тарсусӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абутоҳири Тарсусӣ
Таърихи таваллуд: асри XII
Навъи фаъолият: нависанда
Жанр: наср
Забони осор: форсӣ

Абутоҳир ибни Ҳасан иби Алӣ ибни Мӯсои Тарсусӣ (форсӣ: ابوطاهر بن حسن بن علی بن موسی طرسوسی‎; зод. асри XII) — достонсарои форс-тоҷик (асри 11).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар баъзе сарчашмаҳо бо номи Тарсусӣ низ зикр шудааст. Абутоҳири Тартусӣ дар сарчашмаҳо муаллифи достонҳои «Абумуслимнома», «Қаҳрамоннома», «Искандарнома», «Қирони Ҳабашӣ», «Мусайибнома», «Қиссаи Ҷамшед», «Ҳушангнома», «Доробнома», «Айёрнома» ёд шудааст. Абутоҳири Тартусӣ достонҳояшро забонӣ гуфтааст, сипас онҳоро касони дигар ба шакли китоб даровардаанд. Бо вуҷуди он ки матни асарҳо навишта мешуданд, достонсароёни дигар онҳоро ҳамчунон забонӣ ҳикоят мекарданд. Аз рӯи матн ошкор кардани пайдоиши он асарҳо душвор аст. Дар ин сурат барои таъйини рӯзгори достонсаро маълумоти бавосита аҳамият пайдо мекунанд. Аз рӯи пешгуфтори достони туркии «Айёрнома» онро Абутоҳири Тартусӣ дар ҳузури Султон Маҳмуди Ғазнавӣ гуфтааст. Қиссаҳои боқимондаи Абутоҳири Тартусӣ гувоҳи истеъдоди баланди достонсароии ӯянд. ӯ ба достонсароёни пасина таъсири бузург гузоштааст. Онҳо аз сужетсозиву саҳнаороиву тасвирҳои ӯ, саргузаштҳои рангини айёрони ӯ фаровон истифода кардаанд.

  • Достони Бӯрондухт ва Искандар, Д., 1991;
  • Абумуслимнома, Д., 1994.
  • Чиллаев К., Народный роман «Абу Муслим-наме», Д., 1985.