Jump to content

Абушуайби Ҳиравӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абушуъайб Солеҳ
Номи пурра Абушуайб Солеҳ ибни Муҳаммади Ҳиравӣ
Таърихи таваллуд: 922
Таърихи даргузашт: 1000
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Абушуъайб Солеҳ ибни Муҳаммади Ҳиравӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири форс-тоҷик (асри 10).

Бино ба ишораи муаллифи «Маҷмаъ-ул-фусаҳо» Ризоқулихони Ҳидоят, фаъолияти адабии Абушуайб ба охирҳои зиндагии Рӯдакӣ рост меояд. Дар «Лубоб-ул-албоб»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ аз ашъори ӯ як тағаззули қасида дарҷ ёфтааст. Дар фарҳангҳои қадима байтҳои ҷудогонаи ӯ ба сифати шоҳиди луғат оварда шудаанд, ки аксар ба ғазалу қасидаҳо нисбат доранд. Аз ашъори ӯ ҳамагӣ 14 байт дастрас гардидааст. Мазмуни аксари ин абёт ишқист. Намуна аз ашъораш:

Силсилаҷаъде, бунафшаоразе,
К-аш Фаридун афдару Парвиз ҷад…
Гар бубахшад ҳусни худ бар зангиён
Туркро бешак, зи занг ояд ҳасад…
  • Авфӣ Муҳаммад, Лубоб-уд-албоб, Т., 1333 ҳ. ш.;
  • Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Д., 2007.