Абушуҷоъ Рӯдроварӣ
ар. مُحمَّد بن الحُسين بن مُحمَّد بن عبد الله بن إبراهيم الروذراوري | |
Таърихи таваллуд | 1045[1][2] |
Зодгоҳ | Аҳвоз |
Таърихи даргузашт | 22 май 1096[1][2] ё 1095 |
Маҳалли даргузашт | |
Пеша | нависанда, шоир, сиёсатмадор, муаррих |
Абушуҷоъ Рӯдроварӣ, номи аслиаш Заҳируддин Муҳаммад ибни Ҳусайн (1045, Аҳвоз — 1095, Мадина) — таърихнавис ва арбоби давлатӣ.
Давраҳои фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Оид ба фиқҳ, ҳадис, забон ва таърих, алалхусус таърихи Сомониён як қатор асарҳо таълиф намудааст. Халифа Муқтадӣ (1075—1094) соли 1076 ӯро вазир таъйин кардааст. Дар замони вазирии Абушуҷоъ Рӯдроварӣ баъзе намуди андозҳо сабук шудаанд. Дар баробари ин Абушуҷоъ Рӯдроварӣ баъзе қитъаҳои замини худро вақф карда, дар он масҷиду мадрасаҳо бино кардааст. Абушуҷоъ Рӯдроварӣ барои бартараф кардани низои байни сунниҳо ва шиъаҳо хеле кӯшишҳо намудааст. Соли 1091, вақте ки Маликшоҳи Салҷуқӣ ба Самарқанд лашкар кашидан хост, Абушуҷоъ Рӯдроварӣ низоъро бо роҳи гуфтушуниди осоишта ҳал карда, ба истиқрори сулҳ дар қаламрав ноил гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Record #16349643 // VIAF(бис.) — [Dublin, Ohio]: OCLC, 2003.
- ↑ 2.0 2.1 https://wikidata-externalid-url.toolforge.org/?p=8034&url_prefix=https://opac.vatlib.it/auth/detail/&id=495/341692 (ингл.)