Абуҳошими Куфӣ
Зоҳир
Абуҳошими Куфӣ | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Таърихи даргузашт: | 763 |
Вироиши Викидода |
Абуҳошими Куфӣ (? – 763, Басра) — яке аз шайхони тасаввуф (асри 8).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аслан аз Куфа дар Сурия зиндагӣ кардааст. Бино ба маълумоти «Нафаҳот-ул-унс»-и Ҷомӣ Абуҳошими Куфӣ аввалин касест, ки ӯро «суфӣ» хонданд ва бори аввал дар Рамлуи Сурия барои аҳли тариқат хонақоҳ барпо кардааст. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо Абуҳошими Куфӣ дар зӯҳд мақоми махсус дошта, ангуштнамои суфиёни замонаш будааст. Баъзеҳо ӯро бунёдгузори мактаби тасаввуф пиндоштаанд. Муаррихи тасаввуф Суфиёни Саврӣ зимни баёни афкори ирфонӣ таъкид намудааст, ки мазмуну моҳияти тасаввуфро аз афкори Абуҳошими Куфӣ фаҳмидааст. Мутаассифона, дар сарчашмаҳо ғайр аз маълумоти пароканда аз осори ӯ чизи дигаре боқӣ намондааст ва афкори ирфонии ӯ ҳанӯз мавриди таҳқиқ қарор нагирифтааст.