Абҳари куҳан
Зоҳир
«Абҳари Куҳан», 1) — номи оҳанг, нағма ва пардаи мусиқии қадимии мавсимӣ – маросимии наврӯзӣ буда, ба муносибати фарорасии Наврӯз ва тантанаи ҷашнгирии он эҷод шудааст. Абҳари куҳан аз силсилаи тарона ва оҳангҳои «Хусравониёт»-и Борбад буда, ба силсилаи дуюми он тааллуқ дорад ва бештар ба қисмҳои тараннумию тавсифии осори ӯ мансуб аст. Баъзе мусиқишиносон Абхозҳо Абҳари Куҳанро чун асар, яке аз лаҳнҳои хосаи сигонаи Борбад донистаанд; 2) гӯшаи хурди тараннумӣ дар дохили «Ҳаштмақом» (асрҳои 12 – 13); 3) қисми созию овозӣ дар «Дувоздаҳмақом» (асрҳои 13 – 14). Абҳари Куҳан дар адабиёти бадеӣ, фарҳанг ва ашъори классикони форсу тоҷик чун қисми созию овозӣ тавсиф шуда бошад ҳам, минбаъд дар мусиқии халқӣ ва касбии тоҷик аз байн рафтааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Раҷабов А., Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои IV – VII, Д., 2011.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Абҳари Куҳан» // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.