Абуисҳоқи Атъима
Тахаллусҳо: |
Бусҳақи Атъима Шайхи Атъима |
---|---|
Таърихи таваллуд: | асри XIV |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1423 |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Шайх Абуисҳоқ Аҳмад ибни Ҳаллоҷи Атъима (форсӣ: شیخ ابواسحاق احمد بن حلاج اطعمه) маъруф ба Бусҳоқи Атъима (форсӣ: بسحق اطعمه; ? — 1423) — шоир, нависанда ва донишманди форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Тахаллуси Атъимаро ба сабаби дар бораи таомҳо шеър гуфтанаш интихоб намудааст. Дар зодгоҳаш — Шероз таҳсил ва зиндагиву эҷод кардааст. Бо касби ҳаллоҷӣ машғул буд. Дар шеъру шоирӣ истеъдоди баланд дошт. Дар девони ашъораш, ки то замони мо расидааст қасидаҳо, ғазалҳо, рубоиҳо, қитъаҳо, муфрадот, тарҷеъбандҳо, манзумаи «Канз-ул-иштиҳо», маснавии «Асрори чангол», достони «Музаъфар ва Буғро», рисолаҳои «Моҷарои Биринҷ ва Буғро», «Хобнома» ва ғайра фароҳам омадаанд.
Мероси адаби
[вироиш | вироиши манбаъ]Абуисҳоқи Атъима ин равияи эҷодиро дар қолаби навъҳои дигари шеър, аз ҷумла рубоӣ, маснавӣ ва ғайра низ истифода кардааст. Бо ин роҳ ӯ мавзӯъҳои наву тозаро ба ашъораш ворид сохтааст. Иқдоми шоир дар тавсифи таому ғизоҳо ва муқобил гузоштани онҳо ба мавзӯъҳои анъанавии назми форс-тоҷик як навъ навгонӣ буд. Чанде аз шоироне, ки баъд аз Абуисҳоқи Атъима ба арсаи адабиёт қадам ниҳоданд, аз ҷумла Аҳмади Атъима, Қории Яздӣ, Савдо ва дигарон ба Абуисҳоқи Атъима пайравӣ кардаанд[1].
Маҷмӯи осори манзуми Абуисҳоқи Атъима бо назардошти порчаҳои дар дохили осори мансур овардааш дар ҳудуди 1603 байт аст. Ба ғазали Ҳофизи Шерозӣ
Агар он турки Шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.
чунин ҷавоб гуфтааст:
Ба пешам чун хуросонӣ гар орӣ саҳни буғроро,
Ба бӯи қаляаш бахшам Самарқанду Бухороро.
Биринҷи зарди собунӣ агар дорӣ, ғанимат дон,
«Канори оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро».
Чӣ ороӣ ба мушки заъфарон рухсори «Полуда»,
«Ба обу рангу холу хат чӣ ҳоҷат рӯи зеборо?»
Ҷамоли «Барраи бирён»-у ҳусни «Дунбаи кашкак»,
«Чунон бурданд сабр аз дил, ки туркон хони Яғморо».
Ман аз он бӯи рӯҳафзо, ки «Гипо» дошт, донистам,
Ки зуд аз пардаи парҳез берун оварад моро.
Бигӯ Бусҳоқ васфи хӯшаи ангури мисқолӣ,
«Ки бар назми ту афшонад фалак иқди Сурайёро».
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Абуисҳоқи Атъима // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мирзоев А., Абуисҳоқ, Д., 1971.