Шероз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Шаҳр
Шероз
форсӣ: شیراز
Кишвар  Эрон
[[устон]] [[устони Форс]]
[[шаҳристон]] [[шаҳристони Шероз]]
Координатаҳо 29°36′00″ а. шим. 52°31′00″ т. ш.HGЯO
Роҳбар Q42725991?
Таъсис 2000 сол пеш аз милод
Номҳои пешина Тиразис
Масоҳат 340 км²
Забони расмӣ порсӣ
Аҳолӣ 1 460 665 нафар (2011)
Зичӣ 4296 наф./км²
Агломератсия 1 700 687
Ҳайати миллӣ форсҳо, озарбойҷонҳо ва диг.
Ҳайати динӣ мусалмонон
Номи қавмӣ шерозиҳо
Вақти минтақавӣ UTC+3:30
Коди телефон +98 711
Сайти расмӣ eshiraz.ir
(форсӣ)(англ.)
[[Акс:|310px|Шероз дар харитаи]]
Шероз
Шероз
Фаввораи шаҳр, Шероз
Фаввораи шаҳр, Шероз

Шероз (порсӣ: شیراز ) — шаҳр дар ҷануби Эрон ҷой гирифта, маркази маъмурии Устони Форс мебошад. Аз ҷиҳати аҳолӣ, дар ҷойи 6-ум дар байни шаҳрҳои Эрон қарор дорад, ва аҳолиаш ба ҳисоби соли 2011 1 460 665 нафар расидааст. Шероз дар водии дарёи Хушк дар кӯҳсори Загрос дар баландии зиёда аз 1500 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Дар қисми ғарбии шаҳр кӯҳи Дерак, дар қисми шимолиаш бошад кӯҳҳои Баму, Сабзпушон, Чехел Магам ва Бобокӯҳӣ қарор гирифтаанд. Шаҳр ва гирду атрофи он, аз рӯи тақсимоти маъмурӣ ба 9 ноҳия тақсим мешавад. Масоҳати умумиашон 1286 км²-ро ташкил медиҳад.

Бори нахуст, дар дастхатҳои хаттии таърихӣ, шаҳри Шероз ҳамчун (Тиразис) ёдовард шудааст, ки ин ба аввали ҳазораи дувуми пеш аз милод рост меояд. 60 км дуртар аз Шероз, харобаҳои пойтахти бостонии давлати Шоҳаншоҳии ҲахоманишиёнПересепол. Шероз дар солҳои 1750—1794 пойтахти Эрон дар вақти ҳукмронии Саффориён Буиҳо ва Зандҳо ба шумор мерафт.

Шероз ҳамчун шаҳри шоирон, гул ва май машҳӯр аст. Чунин шоирони барҷаста: Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон дар ҳамин шаҳр ба дунё омадаанд. То инқилоби соли 1979 — маркази бузурги истеҳсоли май буд. Айни замон — маркази коркарди нафт ва маҳсулоти электронӣ мебошад, ин чунин, сайёҳӣ (туризмъ. Шероз бо иқлими фурӯтанӣ ва бо фаровонии кӯчаҳои кабудизор карда машҳӯр аст.

Осорхонаҳо[вироиш]

  • осорхонаи Форс — коллексияи асарҳои санъат ва пешаҳои бостонӣ.
  • осорхонаи Матбуоти Эрон — сарахбори бузурги сулолаи Занд.
  • осорхонаи Нареҷистон-Гавам — комёбиҳои археологӣ.
  • осорхонаи Пара — муқаддасоти сулолаи Занд.
  • осорхонаи ҳарбӣ
  • боғи Афиф-Обод, ё боғи Гулистон
  • осорхонаи Анатомия
  • осорхонаи Таърихи табиат дар Донишгоҳи Шероз
  • осорхонаи Ҳафт-Танан — таърихи сулолаи Занд.

Ҷозибаҳои гардишгарӣ[вироиш]

Ҷойҳои асосии шоёни диққат
  • Мақбараи Саид Мир Муҳаммад
  • Мақбараи Ҳофиз
  • Мақбараи Саъдӣ
  • Мақбараи Ҳоҷии Кирмонӣ
  • Мақбараи Шоҳ-Чероҳ
  • Масҷид Отиғи Ҷомӣ асри IX
  • Масҷид Носир-ул Мулк
  • Мақбараи Шоҳи Шой
  • Бозори Вакил
  • Масҷиди Вакил
  • Дарвозаи Қуръон
  • Боғи Афиф Обод ва осорхонаи силоҳ
  • Боғи Ирам
  • Мақбараи Бобо-Кӯҳӣ
  • Мақбараи Каримхон ва осорхонаи устони Форс
Дар гирду атрофи Шероз харобаҳои шаҳрҳои бостонӣ мавҷуд дорад

Мақбараи Саъдӣ - Гузаргоҳи Саъдия[вироиш]

Мақбараи Саъдии Шерзӣ машҳур ба سعدیه (Sadia) [1] — ёдгории меъмори болои турбати Саъди Шерозӣ. Оромгоҳ дар шимолу шарқи шаҳри Шероз, ки замини хонаи шоир буд, аз қадим боғе ва чашмае дорад. Он бидуни санги турбат бо мурури замон хароб гардида, танҳо дар аҳди Каримхони Занд (1707/5 — 1779) — пешвои сулолаи зандиёни Эрон таҷдид шуд. Вале он низ пас аз чанде рӯ ба харобй овард ва солҳои охир Анҷумани осори миллӣ оромгоҳи зебое бино кард. Оромгоҳ болои асоси зинагии на он қадар баланде аз мармар ҷой гиифтааст, ки гунбазӣ буда, ба пешайвони баланде шабоҳат дорад. Дар тарафи рости мақбара даҳлези токдори сояафкан ва истироҳатӣ бино кардаанд, ки ниҳоят муҷаллалу хушҳавост. Намои кошикории оромгоҳ бо намоишҳои гул, бутта ва акси паррандаҳои зебои сабки зандия музайян аст. Ба дари даромадгоҳи оромгоҳ байти зер ба хати зебои настаълиқ сабт шудааст:

Нигористони Гузаргоҳи Саъдия[вироиш]


Нигаред[вироиш]

Иқлим[вироиш]

Ба шаҳри Шероз, тобистони бениҳоят гарм ва зимистони хунуки боэътидол хос аст.

Иқлими Шероз
Нишондод Янв. Фев. Март Апр. Май Июн Июл Авг. Сен. Окт. Нояб. Дек. Сол
Максимуми миёна, °C 11 13 17 24 30 35 37 36 32 27 18 13 24
Ҳарорати миёна, °C 6 8 11 18 23 28 30 30 25 20 12 8 18
Минимуми миёна, °C 1 3 6 11 16 20 23 22 17 12 6 3 12
Сарчашма: Боду ҳаво ва иқлим

Шаҳрҳои бародаршаҳр[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

Пайвандҳо[вироиш]

Commons-logo.svg
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:
  1. Аз википедияи форсӣ Гузаргоҳи Саъдия
  2. 2.0 2.1 2.2 شهرهای خواهرخوانده
  3. [1]
  4. اخبار :: شيراز با وايمار آلمان خواهرخوانده شد
  5. پايگاه اطلاع رساني استانداري فارس