Абӯлаббоси Бахтиёр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абӯлаббоси Бахтиёр
Устод Абулаббоси Мутриб
Таърихи таваллуд 872
Зодгоҳ Марв
Таърихи даргузашт 920
Пеша(ҳо) оҳангсоз,мусиқидон

Абӯлаббоси Бахтиёр (Устод Абулаббоси Мутриб; 872, Марв920, Бухоро) – сароянда, навозанда ва мусиқидони тоҷик (нимаи дуюми садаи IX – аввали садаи X).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Заминаҳои ибтидоии илм, адаб ва ҳунарро дар зодгоҳаш омӯхта, дар мусиқии Юнону Ҳинд дониши мукаммал дошта, ба асарҳои Арасту Фишоғурас, Уқлидус, Буқрот ва диг. тафсиру такмилот ворид (тарҷумаҳои арабӣ) намудааст. Дар Бухоро сарварии мактаби мусиқиро ба уҳда дошт, зери сарпарастии ӯ мусиқидонону навозандагон, сарояндагон Ҳобони Нойӣ, Мундарники Нойӣ, Исои Барбатӣ, Лукарии Чангӣ ва Устод Рӯдакӣ мусиқиро омӯхтаанд. Махсусан, дар камолоти эҷодии Устод Рӯдакӣ нақши муассир дошта, масоили эҷодию иҷроии шеъру мусиқиро (Рӯдакӣ) аз Абӯлаббоси Бахтиёр фаро мегирад. Дар бахши тарҷумаю тафсири осори мусиқии Уқлидус («Ритмиқус»), Аристоксен («Қонунҳо»), Никомахус («Ритмиқус») ва дигарон корҳои ҷолиберо анҷом медиҳад. Ин равиши таҳқиқии ӯро Абӯнасри Форобӣ, Ибни Сино ва дигарон идома медиҳанд.[1]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Мирзоев А. Рудаки. – М., 1958;
  • Раҷабзода А. Мусиқӣ дар тамаддуни Сомониён. –Душанбе, 2000;
  • Баркашлӣ М. Мусиқии Форобӣ. – Теҳрон, 1350;
  • Энциклопедияи адабиёт ва санъат, ҷ.1. – Душанбе, 1988.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. – с. 18 ISBN 978-99947-49-13-3