Jump to content

Марв

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Марв - яке аз шаҳрҳои қадимтарини тоҷикон аст, ки алҳол дар ҳудуди Ҷумҳурии Туркманистон, дар соҳили дарёи Мурғоб воқеъ гардидааст. Харобаҳои он дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносон ошкор гардидааст, ки дар ҳазораи I то м. бунёд ёфтааст. Дар асри III м. истеҳкоми ҳарбии Сосониён ҷойгир буд. Дар асри VIII арабҳо Марвро ба маркази маъмурӣ табдил доданд. Марв дар асри XI ва XII пойтахти Салҷуқиён буд, асри XII ва аввали асри XIII ба ҳайати давлати Хоразмиён гузашт. Соли 1222 муғулони ғоратгар мардумашро ба хун оғӯшта карда, шаҳри ободро ба харобазор табдил доданд. Марв дар асри XV рӯ ба ободӣ овард. Марв борҳо даст ба даст гузашта, вайрону валангор шуд ва оқибат соли 1883 ба Россия ҳамроҳ карда шуд. Марв бисёр вақт маркази илму адаб буд. Дар Марв фарзандони халқи тоҷик, ба мисли Борбади Марвазӣ, Абӯмуслим (сарвари шӯришгарон бар зидди хилофати араб), Носири Хусрав (шоири мутафаккир), Абдурраҳмон Ҳасани Марвазӣ (табиб, рёзидон ва мунаҷҷим) ва дигарон зиндагӣ, таҳсил ва кору пайкор кардаанд. Ҳисори Шодмон бо Марв алоқаи зичи тиҷоративу фарҳангӣ дошт. Зоирон ва тоҷирони ҳисорӣ тавассути роҳҳои Марв гузашта, ба Эрону Туркияву мамлакатҳои араб мерафтанд.[1]

Пайнавиштҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 354

Портал:Таърих