Абӯлхайр Махдуми Ҳофиз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абӯлхайр Махдуми Ҳофиз
Абӯлхайр Махдуми Ҳофиз
Санаи таваллуд

1856

Зодгоҳ

ш. Самарқанд

Санаи марг

1916 Бухоро

Касб(ҳо)

сароянда ва мусиқишиноси тоҷик

Абӯлхайр Махдуми Ҳофиз – мусиқидон, сароянда, навозанда, донандаи мусиқии мақомӣ.

Зиндагинома[вироиш]

Дар Самарқанд, дар хонаводаи зиёӣ (адиб, олим ва ҳунарвар) ба дунё омада, заминаҳои мусиқӣ, шеъру шоириро аз падараш, ҳунари сознавозӣ ва овозхониро аз устодони мусиқӣ (Устод Раҳимбердии Танбӯрӣ) омӯхтааст. Дар илми риёзӣ даст дошт, вале ба мусиқӣ эътимоди зиёд дошт. Дар муддати кӯтоҳ пояҳои назарию амалии мақом ва мақомхониро омӯхта, барои такмили дониши мусиқӣ ба Бухоро рафта, аз устодон Бобо Ҷалол Носирзода, Бобо Ғиёс Абдуғанизода ва дигарон сабк, равияи иҷроии ҳирфаиро азхуд намуд. Баъди бозгашт аз Бухоро дар зодгоҳаш (Самарқанд) мактаб ва гурӯҳи иҷроии мусиқӣ таъсис дод. Устод Ҳоҷӣ Абдулазиз то сафари Бухоро дар ин даста (Абӯлхайр Махдуми Ҳофиз) асосҳои мусиқии классикиро фаро мегирад. Сабки иҷрои Абӯлхайр Махдуми Ҳофиз дар Самарқ-анд ва дигар манотиқ (Зарафшон) мухлисону му-қаллидони зиёд доштанд. Аз ҷумла, қисмҳои созию овозии мақомҳои «Ироқ», «Сегоҳ» ва шӯъбаи «Чоргоҳ», Шохаҳои таронавии «Рост», «Бузург»-ро дар ғояти устодӣ иҷро мекардааст. Абӯлхайр Махдуми Ҳофиз шеърро хуб мегуфт (ғазал) ва мусаввадае дар мақомҳо бо матни суханварони дирӯзу замонааш барои ҳунармандони ҷавон тартиб додааст. Ӯ мусаннифи асарҳои созию овозии «Уфари Махдумӣ», «Савти Махдумӣ» ва ғ. буда, ин асарҳои ӯ дар ҳаёти иҷроии Самарқанд нақши муассир доштаанд.[1]

Адабиёт[вироиш]

Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. 1. – Душанбе, 1988.

Нигаред[вироиш]

Шашмақом

Сарчашма[вироиш]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. – с. 19 ISBN 978-99947-49-13-3