Абӯтайиби Тоҳир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абӯтайиби Тоҳир
Абӯтайиби Тоҳир
Санаи таваллуд

861

Зодгоҳ

ш. Марв

Санаи марг

913 Бухоро

Касб(ҳо)

мусиқишиноси тоҷик

Абӯтайиби Тоҳир (Абӯтайиб ибни Абдуллоҳ ибни Тоҳир) – мусиқидони тоҷик-форс, суханвар ва донишманд.

Зиндагинома[вироиш]

Аз донандагони мактаби мусиқии классикии замони Сомониён буда, асосҳои назарии шеъру мусиқиро назди Абӯлаббоси Сарахсӣ (ваф. 899), Аҳмади Сарахсӣ (ваф. 901), Абӯлаббоси Бахтиёр (ваф. 920) ва дигарон омӯхтааст. Дар мактаби классикии Бухоро аз асосҳои назарии мусиқии тоисломии эрониён ва шарҳу тафсири осори мусиқии Батлимус, Уқлидус, Никомахус, Аристоксен дарс гуфта, дар тарҷумаю тафсири осори мусиқии онон нақши муҳим дошт. Абӯтайиби Тоҳир пиромуни назария ва таърихи мусиқӣ таълифоти назарии «Китобу-л-одобу-л-ғиноъ» («Китоб дар одоби суруд»), «Китоб фи ал-нағам» («Китоб дар бораи нағмаҳо») ва ғ. нигошта, назди аҳли таҳқиқ пазируфта шуда, дар ин рисолаҳояш мусиқиро чун илм ва ҳунари бадеӣ тавсифи илмӣ додааст. Осори Уқлидусу Фишоғурасро тарҷума ва тафсири саҳеҳ (Ибни Надим, Ибни Абӯусайбия) намуда, дар навиштаҳояш волоияти осори мусиқии замони Борбад (Сосониён) зимни далелҳои мӯътамад натиҷагирӣ шудааст (Ибни Надим, Ибни Аб-ӯусайбия). Дар рисолаи «Китоб фи ал-нағам» илова ба шарҳу баррасӣ, инҷунин оид ба маҷмӯи сил-силавии «Хусравонӣ» (Борбад), шаклу жанрҳои шеърию мусиқии «чома» (чикомак), «суруд» (срут), «патвожа», «паҳлавиёт», «равошинҳо», «тарона», (транак) тафсироти ҷолибе додааст. Аз навиштаҳои Абӯтайиби Тоҳир мусиқидонони баъдӣ (Форобӣ 870-952, Ибни Зайла ваф. 1048) дар ҷараёни таҳлилу баррасии мусиқӣ истифодаи зиёд намудаанд.[1]

Адабиёт[вироиш]

  • Ибни Надим, Ал-феҳрист. –Теҳрон, 1348;
  • Ибни Абӯусайбия, Уйюну-л-анбаъ..... . –Теҳрон, 1346;
  • Раджабов А. К истории тадж. муз. культуры в 9-10 вв. (дар китоби: Абӯ Али Ибн Сино и его эпоха. – Душанбе,1980);
  • Раҷабзода А. Мусиқӣ дар тамаддуни Сомониён. – Душанбе,2000.

Нигаред[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 20 ISBN 978-99947-49-13-3