Абӯяъқуби Хураймӣ
Таърихи даргузашт: | 815 ё 816 |
---|---|
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Абяъқуб Исҳоқ ибни Ҳассон ибни Кӯҳии Хураймӣ (? — 815/16) — шоири арабизабони суғдӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар шеърҳояш аслу насаби худро аз Суғду Аҷам нишон дода, Марви Шоҳиҷон, Ҷузҷон ва номҳои дигар шаҳрҳои Эрон ва Хуросону Мовароуннаҳрро зикр намудааст. Аз айёми кудакӣ Xураймӣ дар байни арабҳои қабилаи Ғатафон тарбия ёфта, мавло (тобеъ)-и хонадони Хураймии Ноими Муррӣ ном араб буд ва номи Xураймӣ аз ин ҷо ба ў дода шудааст. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо шоир дар Ҷазира ном мавзеъ дар шим. Ироқ, баъд дар Сурия ва Бағдод умр ба cap бурдааст. Байни солҳои 782—785 Xураймӣ ҳамроҳи пуштибони худ Усмон ибни Умар ибни Хурайм, ки аз тарафи арабҳо волии Арманистон таъин шуда буд, дар ин кишвар зиндагӣ кардааст. Баъд ба Бағдод баргашта, бо як гурўҳ шоирон ва мутрибону ширинкорон, ки аксарашон арабизабонони эронинажод буданд, шарик мешавад. Xураймӣ бо ашъори худ, хусусан бо мадҳияҳояш дар Бағдод шуҳрат пайдо мекунад. Мадҳияҳои ў ба Бармакиён, аз ҷумла Яҳё ибни Холиди Бармакӣ, ба котиби онҳо Муҳаммад ибни Зиёд, ба вазир Фазл ибни Саҳл ва дигарон бахшида шудаанд. Дар шеърҳои худ Xураймӣ бисёр воқеаҳои таърихии замонашро акс кардааст.
Ашъори боқимондаи Xураймӣ аз қасидаҳои мадҳия, ҳаҷвия, фахр, ғазал ва зўҳдиёт иборатанд. Аз лиҳози шакл ашъори Xураймӣ дар қолиби анъанавии назми қадимии араб эҷод шудааст. Вале аз ҳайси мазмун дар он баъзе навигариҳо ба чашм мера санд, зеро Xураймӣ аз байни шоирони араб нахустин шуда ба муқобили шакли шахшудаи қасидаҳои арабӣ, ки ҳатман бо тасвири манзили тарккардашудаи маҳбубаи ғайбзада ва изи пои уштурони рафта оғоз меёфтанд, баромада, ин усулро масхара мекунад.
Шеърҳои Xураймӣ зебо ва оҳангнок буда, як қатор байту мисраъҳои ҳикматомези онҳо ҳанўз дар замони зиндагии шоир ба зарбудмасалу мақол табдил ёфтаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Хураймӣ / Т. Мардонов // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).