Авантитул
Авантитул (аз франсавӣ avant – пеш аз ва лотинӣ titulus – навиштаҷот, унвони фахрӣ), саҳифаи китоб, ки аз варақи унвон пеш меояд. Дар авантитул, одатан, як қисми маълумоти варақи унвон, аксаран номи нашриёт ё логотипи он, номгӯи силсила ё дигар маълумоти болои сарлавҳа дарҷ мешавад.
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.