Jump to content

Авбошӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Авбошӣ — дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад ва бо зӯроварӣ ба шаҳрвандон ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ, ҳамчунин несту нобуд ё вайрон кардани амволи ғайр алоқаманд мебошад (м. 237 КҶ ҶТ).

Аломатҳои асосии авбошӣ аз инҳо иборатанд:

  1. дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ;
  2. беэҳтиромии ошкоро нисбат ба ҷамъият;
  3. истифодаи зӯроварӣ ба шаҳрвандон ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ, несгу нобуд ё вайрон кардани амволи ғайр.

Дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ҳаракатҳое мебошанд, ки ба манфиатҳои шахсӣ ва ҷамъиятии шаҳрвандон зарари ҷиддӣ мерасонанд. Масалан, халал расонидан ва ё вайрон кардани чорабиниҳои фарҳангӣ, динӣ ва дигар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, халалдор сохтани оромии шаҳрвандон дар вақти шаб ва ғ. Беэҳтиромии ошкоро нисбат ба ҷамъият ифодакунандаи дараҷаи баланди беҳтиромӣ нисбат ба манфиати шахсони бисёр ва ё шахси алоҳида аст, ки дар ҷои ба вукӯъ омадани авбошй ҳузур доштанд. Дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият дар ҳолате авбошӣ эътироф мешавад, ки агар он бо истифодаи зӯроварӣ нисбат ба шаҳрвандон ва ё тахдиди истифодаи зӯроварӣ, ҳамчунин вайрон ва ё несту нобуд кардани амволи ғайр алоқаманд бошад. Ба сифати объекти бевоситаи авбошй тартиботи ҷамъиятӣ, яъне маҷмӯи муносибатҳои дар байни аъзои ҷамъият ҷойдоштаи қоидаҳои рафтор, ки аз тарафи қонунгузор таҳти ҳимоя гирифта шудааст, инчунин меъёрҳои одат, анъана ва ахлоқ маҳсуб мешаванд. Объекти иловагӣ саломатии одамон ва муносибатҳои моликиятӣ мебошанд.

  • Агар дар ҷараёни авбошӣ ба саломатии ҷабрдида зарари миёна расонида шавад, шахси гунаҳкор мувофиқи қ.2 м. 237 КҶ ҶТ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.
  • Дар ҳолати расонидани зарари вазнин ба саломатӣ кирдорҳои шахс аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо моддаи 237 ва 110 КҶ ҶТ банду басг карда мешавад.
  • Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани амволи ғайр ҳангоми мавҷудияти аломатҳои вазнинкунандаи ҷииояти дар моддаи 255 КҶ ҶТ пешбииишуда маҷмӯи ҷиноятро ба вуҷуд меорад, яъне кирдори шахс аз рӯи қ. 2,3 м. 255 ва м. 237 КҶ ҶТ банду басг карда мешавад. Таркиби ин ҷиноят расиӣ буда, аз лаҳзаи содир намудани кирдорҳои дар боло номбаршуда хотимаёфта эътироф мешавад.

Субъект — шахси ҷисмонии мукаллафи 16 - сола ва дар баъзе ҳолатҳо шахси ба синни 14 - солагӣ (қ.2. 3 м.237 КҶ ҶТ) расида мебошад. Тарафи субъективии ҷиноят бо қасди бевосита тавсиф меёбад.[1]


  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. Душанбе: ЭР-граф, 2009, - c. 12.