Jump to content

Авесто (нашриёт)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Авесто (нашриёт) (ҶММ Авесто) — нашриёти хусусӣ. Соли 1992 дар шаҳри Истаравшан соҳибкор Ориёнфар Толиб Сангинзода таъсис дод.

Аз соли 1994 дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст. «Авесто» дар инъикоси мукаммал ва воқеии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон собитқадам ва аз пайи таблиғи сиёсати дохилию хориҷии ҶТ мебошад. «Авесто» бо забон­ҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ адабиёти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, бадеӣ, таълимӣ ва илмӣ-оммавиро нашр мекунад.

Китобҳои «Ман ба шумо сулҳ меоварам!», «Ҷиноятро решакан кунем», «Ваҳдат, сулҳ ва бунёдкорӣ мароми мост!»-и Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон (ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) ва як қатор китобҳои дигар: «Сиёсати хориҷии Эмомалӣ Раҳмонов», «Муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тоҷикистон – шарики боэътимод дар муносибатҳои байналмилалӣ», «Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар шароити глобализатсия», «Сиёсати дарҳои боз», «Внешняя политика Республики Таджикистан на современном этапе», «Келишув сари йул. Эмомали Раҳмон – инсон ва сиёсий арбоб» ва ғайра, ки ба инъикоси сиёсати давлат бахшида шудаанд, дар нашриёти «Авесто» ба табъ расидаанд.

Китобҳои таълимӣ ва илмӣ-оммавии «Дастур оид ба маърифати ҳуқуқии занон» (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ); «Дастури таълимии таҷрибаомӯзии сайёҳӣ», «Нишоне аз пайроҳаи умр» ва ғайра маҳсули «Авесто» мебошанд. Соли 2009 «Авесто» 10 номгӯй (бо теъдоди 10 ҳазор нусха) китобу брошюра баровард.