Jump to content

Авиамоделизм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Модели самолёти C-130.

Авиамоделизм (аз авиа… ва модел) — навъи эҷодиёти техникӣ, сохтану идора намудани аппаратҳои париши идорашаванда ё худ мустақил парвозкунанда ва нусхаҳои хурди (модел) парвознакунандаи онҳо бо мақсадҳои техникӣ ё варзишӣ.

  • Авиамоделизми техникӣ имконият медиҳад, ки масъалаҳои муҳими таҷрибаҳои илмию техникии сохтани аппаратҳои париш ҳал гардад.
  • Авиамоделизми варзишӣ як намуди техникии варзиш буда, иштирокчиёни он дар тарҳрезӣ ва сохтани нусхаҳои планерҳо, самолётҳо, вертолётҳо ва ғайра, идора намудани онҳо бо суръати баланд, масофаи дароз ва давомоти парвоз, инчунин дар санъати ҳавонавардии олӣ мусобиқа мекунанд.

Авиамоделизм ҷавононро ба омӯзиши намудҳои гуногуни техника ҷалб намуда, донишашонро мукаммал, сатҳи омодагии онҳоро барои хидмат дар сафҳои қувваҳои мусаллаҳ баланд мебардорад. Ҳоло дар ҷаҳон саноати Авиамоделизм хуб ба роҳ монда шуда, ширкатҳои махсус нусхаҳои бо радио идорашаванда, муҳаррикҳо, макетҳо, сӯзишворӣ, маводи сохтмонӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, маҷаллаҳои махсус ва ғайраро ба фурӯш мебароранд. Авиамоделизм ҳамчун намуди варзиш дорои федератсияи байналхалқӣ (FAI) буда, мусобиқаҳои худро аз рӯи авиамоделизми варзишӣ мегузаронад.