Авиатсияи кишоварзӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Авиатсияи кишоварзӣ ҳангоми (Ан-2)
Cessna 188 AGWagon, Зеландияи Нав, 1979

Авиатсияи кишоварзӣ — тайёра ва чархболҳои махсусеро гӯянд, ки барои иҷрои корҳои гуногун, масалан, аз касалӣ ва ҳашароти зараррасон муҳофизат намудани растанӣ, нест кардани алафҳои бегона, аз дарахт ва буттаҳои номатлуб тоза кардани алафзору чарогоҳ, резондани барги пахта, кишти алаф, шолӣ, кашондани моҳичаву чӯҷаҳо, қисмҳои эҳтиётии мошинҳои кишоварзӣ, расондани ёрии тиббӣ ва ветеринарӣ, маҳв кардани ҳашароти касалиангез истифода мешаванд.

Мақсади истифодабарӣ[вироиш]

Бо ин мақсад тайёраҳои Ан- 2, Ан-2М, Як-12 ва чархболҳои Ми-1HX, K-15-po кор мефармоянд. Авиатсияи кишоварзӣ хусусан барои нест кардани ҳашароти зараррасон, касалиҳои киштзори пахта, ғалладона ва лаблабуи қанд аҳамияти калон дошта, самаранокии меҳнатро баланд мебардорад, ба баргу пояи растаниҳо осеб намерасонад, заминро сахт намекунад ва ҳангоми зарурат доруро ба қитъаҳои дигар мепошад. Ба тавассути авиатсияи кишоварзӣ (вобаста ба намуди ҳашарот, барангезандаи касалӣ, баландии растанӣ ва ғайра) ба ҳар га 5 – 500 л дору мепошанд. Ба ниҳолҳои нишебии кӯҳҳо аз чархбол дору пошида мешавад. Бо суръати паст парвоз кардани чархбол имкон медиҳад, ки дору ба зери буттаву дарахтон ҳам расад. Доруро, одатан, пагоҳии барвақт ва бегоҳирӯзӣ мепошанд. Бо мақсади нест кардани алафҳои бегонаи киштзори ғалла, ҷуворимакка, арзан, зағир ва ғайра аз тайёра маҳлули обӣ ё эмулсияи гербисидҳо пошида мешаванд. Барои нест кардани алафҳои бегона ба ҳар га киштзори ғалла ва ҷуворимакка 25 – 50 л, зағир 100 – 150 л дору сарф мегардад. Нуриҳои маъданиро асосан дар давраи нашви растанӣ тайёра ба сатҳи замин нисбатан зуд ва баробар мепошад. Ин имкон медиҳад, ки мӯҳлати нуриандозӣ хеле кӯтоҳ карда шавад. Нуриҳои хокаро аз баландии 10 – 20 ва нуриҳои ғурӯшаро аз баландии 30 – 50 м мепошанд. Авиатсияи кишоварзиро барои гардолуд намудани растаниҳои гулдор низ истифода мебаранд. Бо ин мақсад чархболҳо пагоҳии барвақт аз болои киштзор ва боғҳо (дар баландии 5 – 10 м) бо суръати паст парвоз карда, бо шамоли худ растаниҳоро гардолуд мекунанд.

Таъсиси авиатсияи кишоварзӣ дар Тоҷикистон[вироиш]

Истифодаи Авиатсияи кишоварзӣ дар Тоҷикистон соли 1933 cap шуда, худи ҳамон сол 25 адад тайёраи «АП» (навъи «ПО – 2») барои нест кардани малах истифода гардид. Соли 1934 барои таҷриба дар хоҷагии «Якуми Май»-и ноҳияи Данғара ба тавассути тайёра гандум кишт карданд. Ба дефолиатсияи пахта ва пошидани нуриҳои минералӣ ба пахтазор ва диг. зироатҳо (бо ёрии тайёра) соли 1951 шурӯъ намуданд. Бо ин мақсад дар соҳаҳои кишоварзии ҷумҳурӣ асосан тайёраи Ан-2 истифода мешавад. Солҳои 80 асри 20 бо ёрии Авиатсияи кишоварзӣ соле ба зиёда аз 600 ҳазор га майдони киштзору кӯчатзор дору пошида мешуд. Феълан Авиатсияи кишоварзиро кам кор мефармоянд. Мӯҳлати дорупошии Авиатсияи кишоварзиро Стансияи ноҳиявии муҳофизати растанӣ муайян мекунад. Ҳангоми пошидани доруҳои хока суръати шамол бояд то 2 м/с ва ҳангоми пошидани доруҳои моеъ 4 м/с бошад. Истифодаи Авиатсияи кишоварзӣ душвориҳо низ дорад; дар ҳавои номусоид (шамол, гармии зиёд, боришот ва ғайра) ва дар маҳалҳое, ки хати баландшиддати барқ мегузарад, корбасти Авиатсияи кишоварзӣ имконнопазир аст. Корро тавре бояд ба роҳ монд, ки муҳити зист ифлос ва заҳролуд нашавад.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Фалилиев М. Н., Умаров X. У., 60 лет гражданской авиации в Таджикистане, Д., 1985

Сарчашма[вироиш]