Авителлиноз
Авителлиноз (лот. Avitellinoses) — як гурӯҳ касалиҳои гелминтозии ҳайвоноти кавшакунандаи хонагӣ (асосан бузу гӯсфанд ) ва ваҳшӣ.
Сабаби пайдоиши авителлиноз
[вироиш | вироиши манбаъ]Авителлинозро тасмакирмҳои ҷинси Avitellina Gaugh ба вуҷуд меоранд. Асосан дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дучор меояд. Ба авителлиноз, одатан, барраҳои то яксола гирифтор мешаванд. Дарозии ангезандаи авителлиноз (A. centripunctata) 3,5 м ва бараш 2,2 мм аст (дар сар чор узви маканда дорад); давраҳои афзоиши он омӯхта нашудаанд.
Аломатҳои ин беморӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аломатҳои авителлиноз, одатан, якбора зоҳир мешаванд. Авителлиноз асосан тирамоҳ ва баҳор авҷ мегирад. Чорвои касал нағз ҳаракат карда наметавонад, сарашро ба қафо хам карда, пойҳояш меларзанд, ранги луобпардаҳо парида, ҳайвон баъзан дарунрав мешавад. Баъди чанд соати касалӣ чорво мефавтад. Авителлинозро бо роҳи дар ахлоти ҳайвони касал пайдо кардани бандҳои авителлин ташхис мекунанд. Усулҳои муолиҷа ва пешгирии авителлиноз маълум нест. Дар хоҷагиҳое, ки барои парвариши чорво шароит номусоид аст, ба баррача ва барраҳои яксола доруҳои киҷҷарон медиҳанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.