Авитсенит
Зоҳир
Авитсенит (аз Авитсена – номи дар Европа маъмули Абуалӣ ибни Сино) — минерали нодири таллий (оксиди таллий). Формулаи химиявиаш Tl2O3 (Tl – 89,5%). Сингонияаш кубӣ (дидодекаэдрӣ). Кристаллҳояш майда. Ранги Авитсенит сиёҳи тобон, сиёҳи хокистарӣ, ношаффоф. Сахтиаш аз рӯи ҷадвали Моос – 1,5 – 2,5; зичиаш 8900 – 10340 кг/м3. Авитсенитро бори аввал соли 1958 геологҳо Е. А. Конкова ва В. Ф. Савелйев аз кӯҳҳои Зирабулоқи Ӯзбекистон дар қабатҳои лимониту карбонатӣ пайдо кардаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.