Jump to content

Авиценна (ҳафтавор)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Авиценна» — ҳафтавори хусусии тиббӣ. Нашрияи ҶММ «Чархи гардун» (муассис. А. Сатторов). Ба забони русӣ чоп мешавад. Нусхаи аввалаш 16 октябри 1998 дар ҳаҷми 8 саҳифа ба табъ расидааст. Соли 2011 дар ҳаҷми 16 саҳифа ба таври ранга дар матбааи ҶММ «Чархи гардун» («Интишор») нашр мегардид. Дар ҳафтавор оид ба соҳаҳои тиб мақолаҳо дарҷ мешаванд. Ба хонандагон хоса гӯшаҳои «Навигариҳои ҷумҳурӣ», «Хабарҳо аз интернет», «Пурсишу посух», «Шарбатшифоӣ», «Дилдодагон», «Тест барои ошиқон», «Дарду дармон», «Розу ниёз», «Кадбону», «Тибби халқӣ», «Равоншиносӣ», «Толеънома» писанд мебошанд. Чанд саҳифаи ҳафтаворро «Сканворд»-ҳо ишғол кардаанд, ки барои тамрини ақлу зеҳн аҳамияти калон доранд. Дар саҳифаҳои охири рӯзнома оид ба кору фаъолияти табибон латифаҳои ширин, ҳамчунин эълону реклама ва барномаҳои телевизионӣ ҷой дода шудаанд. Адади нашри ҳафтавор — 6500 нусха (2011).