Jump to content

Авлакоген

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Авлакоген (аз юн. aulax – ҷӯяк ва genes – тавлидкунанда) — фурӯхамидагиҳои хандақмонанд дар платформаҳои қадим, ки барашон то даҳҳо ва дарозиашон то садҳо км мерасад. Таҳнишастҳое, ки авлакогенро ташкил медиҳанд, аксар дар таркибашон ҷинсҳои вулқонӣ дошта, баъзан шаклашонро дигар кардаанд. Авлакогени сода (чуқур, борик ва фурӯхамидагиҳои ба дарозӣ тӯлкашидаи бо тарқишҳои маҳдудшуда) ва мураккаб (аз фурӯха­мидагиҳои ҳам хандақмонанд ва ҳам теппачадор иборатанд)-ро фарқ мекунанд. Авлакогенҳои кӯндаланг метавонанд тамоми платформаро убур кунанд ва ё дар дохили он бо сохторҳои геосинклиналӣ пай дар пай ҷой иваз карда, тадриҷан гум шаванд. Дар платформаи Европаи Шарқӣ системаҳои авлакогени Припятску Днепровску Донеск, Крестсову Валдай ва ғайраро фарқмекунанд. Аксари Авлакогенҳо хеле қадимианд, баъзеашон дар давраи палеозой ба вуҷуд омада, рифтҳои муқаррариро мемонанд, ки дар давраи фаъол шавии тектоникии платформаҳо ташаккул ёфтаанд. Истилоҳи Авлакогенро олими рус Н. С. Шатский пешниҳод намудааст (1960).