Авокодо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Авокодо
Starr 060928-0513 Persea americana-2.jpg
Общий вид взрослого дерева. Ҷазираи Мауи, Гавайи, ИМА
Таснифоти илмӣ
Номи байналмиллалии илмӣ

Persea americana Mill., 1768

Синонимҳо
Wikispecies-logo.svg
Систематика
дар Викинамуд
Commons-logo.svg
Акс
дар Викианбор
ITIS   18154
NCBI   3435
EOL   596916

Авокодо — (Persiaamericana), дарахти мевадиҳандаи ҳамешасабзест аз оилаи ғориҳо. 3 гурӯҳи ҷуғрофии Авокодо мавҷуд аст: мексикоӣ, вест - индиявӣ ва гватемалӣ. Ҳар яки онҳо хусусиятҳои махсуси инкишоф доранд.

Таърих[вироиш]

Авокодо дар Америкаи Марказӣ ва Ҷанубӣ тақрибан 8000 сол то мелод мерӯид. Олимон бар он ақидаанд, ки ҷангалҳои беканори Авокодо дар қаламрави штати ҳозираи Калифорния ҷой гирифта буданд. Меваи Авокодо хӯроки динозаврҳо маҳсуб мешуд. Авокодо миёнаи асри 17 ба Ямайка оварда шуд. Дар асри 18 он ба дигар манотиқи тропикии Осиё паҳн гардид. Айни замон тақрибан 400 намуди он дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропикии [[ШМА], Бразилия, мамлакатҳои Африка, Исроил парвариш меёбад. Авокодо дарахти зудсабз ва сершоху барг буда, то 10 – 20 м қад мекашад. Баргаш байзашакл (дарозиаш 10 – 12 см); гулаш майдаи сабзранг, дуҷинса, дар бағали баргҳо ҷой гирифтааст. Мевааш донакдор, мурӯдмонанд ё курашакл (дарозиаш 5 – 10 см, вазнаш 250 – 600 г); пӯсти мевааш сахт, сабзи тира, баробари пухта расидан сиёҳранг мешавад; гӯшташ сабз ё зарди сабзтоб, равғанин. Дарахти Авокодо гармидӯст буда, дар замини намнок хуб нашъунамо меёбад. Ба камобиву сардӣ тобовар нест. Гарчанде гулаш худ гардолуд шавад ҳам, баъди аз шукуфаи диг. навъҳо гардолуд шудан ҳосили хуб меорад. Аз ҳар бех дарахти он 150 – 200 кг ҳосил гирифтан мумкин аст. Аз тухм, қаламча ва пайванд афзоиш меёбад. Меваи Авокодо серғизо буда, то 30% равған дорад. Дар таркиби 100 г меваи Авокодо 1,6% –2,1% сафеда, 14,6 мг витамини К, 0,2 мг витамини В6, 5,77 мг% витамини С, 437,27 мг калий, 45,19 мг намакҳои кислотаи фолеат мавҷуданд. Меваи Авокодо ба хӯрокиҳои парҳезӣ мансуб аст. Инкишофи бемориҳои саратониро дар организми одам пешгирӣ мекунад; истеъмоли он барои ҷигар нофеъ мебошад. Дар таркиби барг ва донаки Авокодо моддаи заҳрноке мавҷуд аст, ки боиси пайдоиши бемориҳои узвҳои ҳозима ва аллергия мегардад. Меваи Авокодоро бештар дар таббохӣ истифода мебаранд. Равғани он давои хуби оростагӣ буда, пӯстро тозаю ботароват менамояд.

Адабиёт[вироиш]

Жуковский П. М., Культурные растения и их сородичи. Систематика, география, циногенетика, иммунитет, экология, происхождения, использование, Л., 1971; Ботаника. Энциклопедия «Все растения мира» (тарҷума аз англисӣ), М., 2006.


Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик навишта шудааст.