Jump to content

Аврора (навъи боимҷон)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Аврора» — навъи боимҷон. Дар Институти тадқиқоти илмии сабзавоткорӣ ва картошкапарварии Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯёнда шудааст (Б. В. Ермакова). Навъи миёнарас, давраи наш­ваш 122–137 рӯз. Буттаашто 60 – 75 см қад мекашад. Баргаш сабз, ҳаҷман миёна, гулаш бунафш; самараш устувонашакл (дарозиаш 14 – 24 см, ғафсиаш 5,7 – 7 см), вазнаш андаряк 230 – 245 г. Аз ҳар га 574 сентнер ҳосил гирифтан мумкин аст. «Аврора»-ро дар ноҳияҳои вилояти Суғд ва Хатлон парвариш мекунанд.