Авсат
Зоҳир
Авсат — вазни оҳанг дар «Дувоздаҳмақом». Гӯшаҳои мусиқии «Ҳиҷози Бузург» ва «Найрези Кабир», шуъбаи «Нуҳуфт»-и мақоми «Бузург» бо ин вазн иҷро мешаванд. Ин силсилаи оҳангҳо ба овозаи «Шаҳноз» дохиланд. Мувофиқи нишондоди рисолаи мусиқии «Баҳҷат-ур-рӯҳ» авсат вазни 7-зарбӣ буда, аз 5 зарби сангин (яъне «бам») ва 2 зарби сабук (зер) иборат аст. Атонинаш: тан тано дар тан тан.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Авсат // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.