Jump to content

Австриягиҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Австриягиҳо (худашон остеррайхер мегӯянд), халқ, аҳолии асосии Австрия. Шумораи умумиашон дар ибтидои садаи XXI – 8, 8 млн. нафар. Дар Австрия 7, 15 млн. нафар, боқӣ дар Италия, Канада, ШМА ва кишварҳои ҳамсояи Австрия зиндагӣ доранд. Ба шеваи австриягии забони немисӣ сухан мекунанд. Алифбояшон лотинист. Аксарияташон эътиқодманди католик ва боқӣ протестантанд. Мусулмонҳо низ ҳастанд. Таркиби этникии Австриягиҳо аз қабилаҳои германиягиҳои қадим – баварҳо, алеманнҳо ва инчунин келтҳо, ретамҳо ва иллириҳо ба вуҷуд омадааст. Аксарияти Австриягиҳо дар шаҳрҳои саноатӣ зиндагию кор мекунанд, қисмати камтарашон ба чорводорию кишоварзӣ машғуланд. Навъи оила – нуклеарӣ.

Полтавский М. А., Становление и развитие австрийской народности, «Вопросы истории», 1983, № 3; Новая Российская Энциклопедия, т. 2, М., 2005.