Jump to content

Автоионизатсия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Автоионизатсия — ҳолатҳои ангехтаи молекулаҳо, атомҳо (А*) ва ионҳо (А+)*, ки энергияи ангезиши онҳо барои ионизатсияи худ аз худ (спонтанӣ) имкон медиҳад, масалан, А*=А*+е, (А+)*– А+++е. Ин ҳолатҳо дар зарраҳои адади дараҷаи озодиҳояшон калон (атомҳову молекулаҳои бисёрэлектрона) ба вуҷуд меоянд. Вақти нимкоҳиши автоионизатсия аз даври хоси чархзании электрон дар мадори атомӣ (барои қишри электронии беруна τ – 10–16с) хеле бузург аст, чунки эҳтимолияти ҷамъшавии энергияи ангезиш дар як электрон дар системаи адади дараҷаҳои озодиашон калон кам мебошад. Автоионизатсия дар газҳо ва моддаҳои конденсатсияшуда зери таъсири намудҳои гуногуни афканишот (ултрабунафш, шуоъҳои рентгенӣ, дастаҳои электронӣ ва ионҳои энергияашон ба таври кофӣ баланд) ба вуҷуд меояд.