Автоклав

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Автоклав

Автоклав (аз авто… ва лотинӣ clavis — калид) — дастгоҳи ҳавоногузарест, ки дар он равандҳои гуногуни физикию химиявӣ дар ҳарорат ва фишори баландтар аз ҳарорату фишори атмосферӣ гузаронида мешаванд.

Дар чунин шароит суръати равандҳо афзуда, маҳсулоти онҳо меафзояд. Автоклав дар саноати химия, гидрометаллургия, резин, масолеҳи бинокорӣ, хӯрокворӣ (ҳангоми тайёр кардани консерву витаминҳо), дорусозӣ ва ғайра васеъ истифода мегардад. Автоклав вобаста ба соҳаи истифода бо ҳарорат ва фишори гуногун кор карда, бо манометр, термометр, соат ва ғайра таҷҳизонида мешавад. Автоклав дар фишори то 150 МПа ва ҳарорати то 500°С кор карда, ғунҷоишаш аз даҳҳо см3 то садҳо м3-ро ташкил медиҳад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]