Jump to content

Автол

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Автол (англ. automobile oil, ёки аз лот. oleum – равған) — равғани мотор, равғани минералие, ки барои равған кардани муҳаррикҳои дарунсӯзи карбюраторӣ истифода мешавад. Автолро равғани автотракторӣ низ меноманд. Автол дар об ҳал намешавад, дар бензин, карасин ва солярка нағз ҳал мешавад. Бо равған омехта мегардад. Автол аз рӯи ғализӣ ва тариқи тоза кардан ба навъҳои гуногун ҷудо мешавад.

Намудҳои автол

[вироиш | вироиши манбаъ]

Автолро бо кислотаи сулфат тоза ва гурӯҳбандӣ мекунанд, масалан, АК-6, АК-15, АКЗп-6, АКЗп-10. Автол вобаста ба навъи муҳаррик худрав, тракторӣ ва ғайра, ҳамчунин баҳорӣ, зимистонӣ ва ғайра мешавад.