Jump to content

Автоматҳои савдо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Автоматҳои Савдо — олотест барои фурӯши мол ва пардохтҳои хидматрасонӣ.

Навъ ва сохти автоматҳои савдо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба воситаи автоматҳои савдо (ки ду навъ мебошанд: барои молҳои донабайъ, масалан, рӯзнома, чиптаи нақлиёт ва барои шарбату обҳои ошомиданӣ) молҳои гуногун фурӯхта мешаванд. Сохти автоматҳои савдо гуногун, вале усули корашон ба ҳамдигар мушобеҳанд. автоматҳои савдо асосан аз тана, қуттии ашё, пулгирак, механизми молдиҳанда ва хазина иборат аст. Ҳангоми андохтани пул ба тавассути фотореле расиши электрикӣ ба амал омада, механизми молдиҳанда ба кор медарояд.

Таърихи пайдоиши автоматҳои савдо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бори нахуст тавсифоти олоти автоматӣ барои фурӯши оби «муққаддас» ва дастшӯӣ дар асари Герон «Пневматика» оварда шудааст. Дар аввали садаи XVII дар Англия олот барои фурӯши тамоку пайдо шуданд. Дар ибтидои садаи XX мошинҳои савдо сохта шуданд, ки усули корашон ба автоматҳои савдои ҳозира монанданд, вале онҳо механикӣ буда, бе қувваи электрик кор мекарданд. Истеҳсоли саноатии нахустин автоматҳои савдо дар ИҶШС соли 1956 оғоз шуд. Дар Тоҷикистон автоматҳои савдои барои фурӯхтани оби газдор ва рӯзномаҳо хеле маъмул буданд. Феълан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ автоматҳои ғайрисавдо – автомати қабули пардохтҳо (пардохти хидматҳои коммуналӣ, телефон, аз ҷумла телефонҳои мобилӣ), банкоматҳо (ба таври автоматӣ гирифтани пул аз бонкҳо) зиёд гашта истодааст. Бартарии ин автоматҳо аз он иборат аст, ки онҳо бо таҷҳизоти гелиотехникӣ (рӯшноии Офтоб) низ кор карда метавонанд. Аз ин рӯ, ин хидматрасонӣ нисбатан арзон буда, ба энергияи электрки вобаста нест. Аппаратҳои электронии назоратии хазинавӣ низ Автоматҳои савдо ба ҳисоб мераванд. Автоматҳое, ки пул ва кортҳоро қабул мекунанд ва ба замми он соҳиби он бевосита аз мизоҷ пули нақд гирифта метавонад, автоматҳои савдо маҳсуб намешаванд.