Jump to content

Автомат (худкор)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Автомат (юнонӣ automatos– худкор) — 1) олот ё маҷмӯи олоту таҷҳизотест, ки аз рӯи барномаи додашуда иҷрои ягон амал ё равандро бе иштироки бевоситаи инсон анҷом медиҳад (масалан, гирифтан, нигоҳ доштан, тағйир додан ва истифодаи маълумот, энергия ва маҳсулот). Автомат барои афзоиши маҳсулнокӣ ва сабук гардондани меҳнати инсон, идораи равандҳои ҳаракатнок ва ғайра истифода мешавад. Пайдарпайии амали автомат ё дар сохти он пешбинӣ мегардад, ё аз берун бо ёрии сигнал (амр)-и идоракунанда ё барнома ба тавассути ҳомили маълумот (масалан, лентаи магнитӣ ё диск) дода мешавад. Автоматҳои содатарин – афзору олоти худкор ҳанӯз дар давраҳои қадим кор фармуда мешуданд. Аввалин соати фанардор низ аз автоматҳои сода маҳсуб мешавад. Автоматро баъди ба кор андохтан гоҳ-гоҳ назорат кардан лозим меояд. Автоматҳо як даври амалиётро анҷом дода, ба иҷрои даври нав шурӯъ менамоянд. Масалан, дар заводи коркарди шир аз шуста омода сохтани зарфҳо то андохтани шир ва борпечкунии маҳсулоти тайёр, ҳамаи амалиётро автоматҳо иҷро мекунанд. Аз рӯи вазифа автоматҳо ба навъҳои зерин ҷудо мешаванд: Автоматҳои ченкунӣ, назорат, танзимкунӣ ва идоракунӣ. Автомат ва нимавтоматҳо дар саноати мошинсозӣ, саноати бофандагӣ, саноати хӯрокворӣ, кишоварзӣ, корҳои ҳарбӣ ва ғайра васеъ истифода мешаванд. Масалан, он қисми тухмипошак, ки ҳангоми кишти пахта ба ҳар чуқурча панҷдонагӣ чигит мегузорад, аз автоматҳои одӣ мебошад. Дар садаи XX инкишоф ёфтани электроника боиси сохта шудани автоматҳои электронӣ гардид. Сохти автоматҳои ҳозиразмон хеле мураккаб буда, барои осон кардани фаъолияти инсон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла дар рӯзғор имкон медиҳад. 2) Модели математикии афзори реалӣ ва ё абстрактӣ, ки маълумоти дисперсиониро табдил медиҳад. Нигар низ Назарияи автоматҳо.