Автопоезд
Зоҳир
Автопоезд (аз авто… ва русӣ поезд – қатора) — воситаи нақлиёти мураккаб, ки аз ядакмошин ва притсеп иборат аст. Автопоездҳо аз воситаҳои нақлиётии сабукрав, боркаш ва мусофиркаш таркиб ёфта метавонанд. Дар нақлиёти мусофиркаш ба сифати автопоезд автобус, троллейбус ва трамвайҳои ба ҳам пайвастшударо истифода мебаранд. Автопоезди боркаш, одатан, аз ядакмошин ва притсеп (ё систерна)-и ба он васлшуда таркиб ёфтааст. Бо автопоездҳо нисбат ба автомобилҳои одӣ шумораи зиёди мусофирон ё миқдори бештари борҳо кашонида мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.