Авторотатсия
Авторотатсия (аз авто… ва лотинӣ rotatio – гардиш) — реҷаи гардиши винти ҳавоии аппарати париш ё турбинаи муҳаррик, ки ҳангоми он энергияи барои гардиш зарурӣ аз сели боди ба винт расанда гирифта мешавад.
Таърихи авторотатсия
[вироиш | вироиши манбаъ]Истилоҳи авторотатсия солҳои 1915 – 1920 дар давраи коркарди аввалин чархбол (вертолёт)-ҳо пайдо шуда, маънояш гардиши винти бардоштабаранда бе иштироки муҳаррик мебошад. Дар самолётҳое, ки ба сифати баҳаракатоваранда винтҳои ҳавоиро истифода мебаранд, Авторотатсияи винт (гардиш аз сели расанда) ҳангоми дар вақти парвоз хомӯш гаштани муҳаррик ба амал меояд. Дар натиҷа нисбат ба сели ҳаво муқовимати калон ба вуҷуд омада, идораи аппарати париш душвор мегардад ё ба афтиши он оварда мерасонад. Барои пешгирии ин ҳодиса ҳамаи муҳаррикҳои турбовинтии муосир системаи автоматӣ ва дастии флюгиронӣ доранд, ки дар мавриди аз кор мондани муҳаррик ҳангоми парвоз винти ҳавоиро ба самти сели ҳаво мутобиқ мекунанд. Дар ин лаҳза винт муқовимати рӯ ба рӯи камтарин дошта, чарх намезанад. Барои ба кор даровардани муҳаррики турбовинтӣҳангоми парвоз винт аз ҳолати флюгиронӣ бароварда шуда, муҳаррикро давр мезанонад. Пас аз соҳиб шудан ба зудии муайяни даврзанӣ системаи афрӯзиш ва таъмини сӯзишвории муҳаррик ба кор медароянд. Турбинаи муҳаррикҳои турбореактивӣ низ дар мавриди аз кор мондан ҳангоми парвоз аз сели ҳаво дар реҷаи Авторотатсия чарх мезананд. Ҳангоми парвози чархбол бо муҳаррики фаъол сели ҳаво аз болои винт дохил шуда аз поёни он мебарояд. Лекин дар реҷаи Авторотатсия винти асосии чархбол аз сели боди мухолиф чарх зада, дар як вақт қувваи болобардорандаро ҳосил мекунад. Дар мавриди аз кор мондани муҳаррики чархбол бо истифода аз авторотатсия онро бе садама шинондан мумкин аст. Рекорди давомноктарини авторотатсияро Жуан Боуле бо чархболи худ соли 1972 гузоштааст. Вақте ки ӯ ба баландии 12 440 м расид, аз сабаби сардии ҳарорат (– 630 С) муҳаррики чархбол аз кор монд. Ӯ усули Авторотатсияро истифода бурда, чархболро бе осеб ба замин шинонд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.