Автотрансформатор
Зоҳир
Автотрансформатор — намуди трансформаторест, ки дар он симпечҳои аввалӣ ва дуюмӣ мустақиман пайваст буда, аз ин ҳисоб на фақат алоқаи электромагнитӣ, балки алоқаи электрикӣ низ доранд. Барои ҳосил кардани коэф. хурди трансформатсия Автотрансформатор назар ба трансформаторҳое, ки симпечи бисёр доранд, сабук ва арзон аст. Автотрансформатор дар олати корандозии муҳаррикҳои электрикии пуриқтидори ҷараёни тағйирёбанда чун табдилдиҳандаи шиддати электрикӣ, дар схемаҳои ҳимояи релеӣ барои тадриҷан танзим кардани шиддат ва ғайра хидмат мекунад. Дар автотрансформатори танзимшаванда ба туфайли ҷойивазкунии механикии расиши симпечи дуюм, ҳангоми дар симпечи якум тағйир ёфтани шиддат, дар симпечи дуюм шиддати зарурӣ доимӣ нигоҳ дошта мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.