Авҷии Натанзӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Авҷии Натанзӣ
Номи пурра Авҷии Натанзӣ
Зодгоҳ: Эрон
Навъи фаъолият: Шоир

Авҷии Натанзӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири эронӣ (охири садаи XVI – ибтидои садаи XVII).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Исфаҳон таҳсил ва ба шеъргӯӣ оғоз карда, чун шоири боис­теъдод шуҳратёр гардид. Дар дарбори ҳокими Хуросон Ҳасанхон (ҳукмронӣ 1618 – 1640) хидмат кардааст. Дар охири умр хидмати дарборро тарк карда, ба зодгоҳаш баргашт ва дар фақру нодорӣ аз олам даргузашт. Аз Авҷи Натанзӣ девони ашъор иборат аз 10 ҳазор байт (қасидаҳо, ғазалиёт, рубоиёт, таркиббанду тарҷеъбанд, қитъаҳо) боқӣ мондааст. Мавзӯи ашъораш мадҳ, шикоят аз замона, васфи ишқу муҳаббат мебошад. Абёти зерин аз ӯст: Зи дасти толеи бад меравам зи шаҳр ба шаҳр, Чу бадқимор, ки тағйир медиҳад ҷоро.

  • * *

Соғар ба ғайр доду зи рашкам хароб сохт, Оташ ба дигаре заду моро кабоб сохт.

  • * *

Карам гулест, ки дар боғи худнамоӣ нест, Карими сохта будан кам аз гадоӣ нест.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]