Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Агава

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Агава
Табақабандии илмӣ
Салтанат:
Зероила:
Авлод:
Агава
Номи илмӣ
Мутародифот

Агава (лот. Agave) — як авлоди рустаниест бо пояи кӯтоҳ ва баргҳои ғафси хордор. Баъди 6 – 15 сол гул мекунад. Гулпояаш дароз (то 12 м), сергул (то 17 ҳазор гул дорад). Пас аз расидани ҳосил қисми рӯизаминии агава мемирад (дар баъзе намудҳо аз реша рустании нав месабзад). Дар Мексика зиёда аз 300 намуди агаваи худрӯй дучор меояд. Ба Аврупо агава баъди кашфи Америка оварда шудааст. Хусусан агаваи америкоӣ маъмул аст. Онро барои ороиши кӯчаю хиёбонҳо мепарваранд. Аз барги агава ресмонҳои гуногун, аз партовҳояш коғаз истеҳсол мекунанд. Нӯшокиҳои спиртии пуаке, текила, маскал аз афшураи агаваи сиёҳтоб тайёр карда мешаванд. Аз решаи баъзе намудҳои агава доруҳои гормонӣ истеҳсол менамоянд.