Агафокл

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Агафокл
Агафокл
тиран Сиракуз
317 — 289 то м.
ҳокими Ситсилия
аз 304

Таваллуд 361 то м.
Даргузашт 289 то м.
Ҳамсар

Theoxena of Syracuse[d]

Фарзандон

Archagathus of Libya[d], Theoxena of Egypt[d], Heracleides[d][1] ва Lanassa[d]

Commons-logo.svg Агафокл дар Викианбор

Агафокл (юн.-қад. Ἀγαθοκλῆς аз ἀγαθός (agathos) меҳрубон ва κλέος (kleos) шараф; лот. Agathoklēs) (361 – 289 то мелод) — мустабид, сипаҳсолори юнонӣ ва ҳокими Ситсилия. Дар оилаи миёнаҳоли ситсилиягӣ таваллуд шуда, аз наврасӣ ба касби кулолӣ машғул буд ва лақаби «Кулол» ҳам дошт.

Зиндагинома[вироиш]

Дар синни 17-солагӣ ба Сиракуз (яке аз шаҳрҳои Ситсилия) омада, ба хидмати яке аз ашрофи он ҷо ба номи Дамас дохил мешавад. Минбаъд дар амалиёти ҳарбии сиракузиҳо ширкат карда, худро ҳамчун сарбози далер нишон дод. Пас аз марги Дамас Агафокл бо зани бевамондаи ӯ издивоҷ карда соҳиби молу мулки фаровоне мегардад ва ба зудӣ дар ӯ андешаи табадуллоти давлатӣ пайдо мешавад. Ба ин мақсад ӯ байни мардум барои кам кардани андозҳо ва беҳтаргардии ҳолати зиндагӣ таблиғот мебурд ва оқибат аз тарафи аъёну ашроф бадарға шуд. Пас аз ин чанд муддат дар Италияи Ҷанубӣ буд ва дар он ҷо муваффақ шуд, ки аз юнониҳо, самнитҳо, келтҳо ва этрускҳо сипоҳи пурқудрате тартиб диҳад.

Забткориҳои Агафокл[вироиш]

Соли 316 ӯ ба Ситсилия омада бо дастгирии табақаи аҳолии камбағал Сиракузро забт кард. Шӯрои олигархиявӣ пароканда шуд ва Агафокл худро ҳокими мутлақ эълон кард. Пас аз ин Агафокл замину моли аъёну ашрофи Сиракузро мусодира карда ба бенавоён тақсим намуд. Ӯ институти Маҷлиси Халқиро эҳё намуд ва ба он ҳуқуқи ҳаллу фасли баъзе масъалаҳои давлатиро вогузор кард. Барои ин амалаш сиракузиҳо ӯро «эҳёгари озодии халқ» меномиданд. Аз ибтидо Агафокл ҳадаф дошт тамоми Ситсилияро таҳти ҳукумати худ муттаҳид созад. Солҳои 316 – 313 чандин шҳрҳои Ситсилия (Акрагант, Мессана, Гела ва дигарон)-ро тасарруф намуд. Сипас ҷазҳои Липар, Керкир ва Левкро ишғол карда, ба Италияи Ҷанубӣ рӯ овард. Пас аз марги Агафокл давлати ситсилиягӣ аз байн рафт.

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 (unspecified title)

Адабиёт[вироиш]

  • История таджикского народа, т. 1, Д., 1998.

Сарчашма[вироиш]