Jump to content

Агломератсия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Агломератсия (аз лотинӣ agglomero – пайваст мекунам, ҷамъ мекунам) — дар металлургия, раванди термикии дар мошинҳои агломерат ғурӯша кардани резаҳои маъдан бо роҳи тафсонда ба ҳам часпондани онҳо. Дар натиҷаи агломератсия маъдани хокаву реза ба шакл ва хосиятҳои барои гудозиш мувофиқ соҳиб мегардад. Ҳангоми аз ғаш қисман тоза кардан ва аз як ҷо ба ҷойи дигар кашондан маъдан реза мешавад. Ғайр аз ин, дар ҷараёни газҳои аз дудкаши домна хориҷшаванда низ зарраҳои шихта мавҷуданд, ки онҳоро бо усулҳои махсус ҷамъ мекунанд. Барои истифодаи маводи резаю хока онҳоро дар мошинҳои махсуси агломерат «пухта», порчаву ғурӯшаҳои калон-калон (агломерат) ҳосил мекунанд. Маъданрезаҳои андозаашон 2 – 3 мм, хокаи домна ва сӯзишвориро ба дӯл меандозанд. Он аз дӯли меъёргир ба асбоби омезанда ва аз он ба олати намкунанда интиқол дода мешавад. Баъди то дараҷаи муайян нам шудан, омехта ба қуттии поёнсӯрохи тасмаи конвейер мерезад. Қуттии пур аз омехтаро конвейер ба зери тафсонанда меорад ва омехта аланга мегирад. Дар минтақаи сӯзиш, ки ҳарорати то 1200 – 15000С мерасад, қисми муайяни шихта гудохта мешавад. Ҳангоми ба қабатҳои поёнии шихта гузаштани минтақаи сӯзиш қабати нимгудохташудаи боло сард шуда, маводи майдаро ба ҳам мечаспонад ва агломерати яклухт ба вуҷуд меояд. Онро майда карда, ба порчаву ғурӯшаҳо табдил медиҳанд. Маҳсули кори чунин мошинҳои агломерат дар як соат ба 200 т мерасад.