Агнон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Агнон
Агнон
Номи пурра Агнон Халеви Чачкес
Таърихи таваллуд: 17. 7. 1888
Зодгоҳ: Бугачк Галитсия (Австро-Венгрия)
Таърихи даргузашт: 17. 2. 1970
Навъи фаъолият: нависанда

Агнон (насабаш Халеви Чачкес) Шмуэл Йосеф (17. 7. 1888 – 17. 2. 1970), нависандаи Исроил. Дар шаҳри Бугачк Галитсия (Австро-Венгрия) ба дунё омадааст.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Асосан ба забони иврит менавишт. Маълумоти динӣ гирифтааст. Таъсири дин дар осораш ба назар мерасад. Дар 18-солагӣ ба шаҳри Лвов омада дар рӯзномаи яҳудӣ ба кор даромад. Баъдан гоҳ дар Иерусалим, гоҳ дар Берлин зиндагӣ кардааст. Аз соли 1908 сокини Иерусалим шуд. Соли 1909 повести нахустинаш «Занҳои таркшуда» (ба забони иврит «Agunot») чоп шуд. Ҳамин калимаро тахалл. интихоб кардааст. Соли 1912 дар Берлин бо соҳибкор З. Шокен шинос шуд ва дар матбааи ташкилнамудаи ӯ асарҳояшро («Маҷмӯаи ҳикоёт», 1931) ба табъ расонд. Асарҳои машҳури Агнон романҳои «Амории тӯй» (нашр 1931), «Меҳмони шабонгоҳӣ» (1937), «Ҳикоёти мағфират» (1967) ва ғайра мебошанд. Агнон дар асарҳояш зиндагиву кору бори нодорон, камбизоатони зиндадилу хушҳоли деҳоти Исроилро дар омехтагӣ бо ҳазлу мутоиба, хаёлоти бадеӣ, киноёт, зарофатгӯиҳо ва ғайра тасвир намудааст.Бо Мукофоти Нобел (1966) қадр шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]