Агра
Агра — шаҳр дар қисмати шимолии Ҳиндустон, дар соҳили рости дарёи Ҷамнаи штати Уттар-Прадеш. Аҳолиаш 1686976 нафар (2010). Забони асосии гуфтугӯӣ – ҳиндӣ, инчунин урду ва панҷобӣ. Агра маркази бузурги нақлиёт ва саноати хӯрокворию косибӣ буда, дар он ҷо пойафзори чармӣ, матоъҳои пахтагӣ, маснуоти заргарӣ, сангҳои қиматбаҳои ороишӣ, санги мармар ва регсанги сурх, металлҳои ранга истеҳсол мешаванд. Агра комбинати ресмонресӣ, маркази сайёҳӣ, донишгоҳ ва аэропорт дорад. Аз ҳудуди Агра хати асосии роҳи оҳан Нию-Деҳлӣ – Мумбай мегузарад. Агра аз дер боз яке аз марказҳои сиёсӣ ва фарҳангии мусулмонони Ҳинд будааст. Дар миёни муҳаққиқин роҷеъ ба маънии истилоҳи Агра ихтилофи назар аст.
Таърихи Агра
[вироиш | вироиши манбаъ]Гурӯҳе бар ин ақидаанд, ки Агра ба маънии «ҳавзчаи намак» аст, чунки хоки ин ноҳия дорои намаки фаровон мебошад; бархе мӯътақиданд, ки номи Агра бар пояи тоифаи бозаргонони «агроволл»-и ҳиндӣ номгузорӣ шудааст, ки дар ин ноҳия сукунат доштаанд; иддае чунин мешуморанд, ки Агра мавзеест, ки Кришна овони ҷавонии худро дар он ҷо гузарондааст; гурӯҳе мӯътақиданд, ки Агра аз забони ҳиндии бостон «Агра-ҳора» ба маънии заминҳои эҳёшуда ба роҷаҳо аст. Бозёфтҳо ва асноди бостоншиносии аз Агра бадастомада собит менамоянд, ки ин ноҳия аз замонҳои қадим дорои аҳамияти фарҳангӣ ва таърихӣ будааст. Ишора ба номи шаҳри Агра нахустин бор дар қасидаи шоир Масъуди Саъди Салмон, ки дар мадҳи Сайфуддавла – шоҳзодаи ғазнавӣ навиштааст, омадааст ва Агра дар тобеияти будааст. Аммо баъд аз бозгашти султон Маҳмуди Ғазнавӣ аз Ҳинд (1022) Агра ба дасти салотини маҳаллии ҳиндумазҳаби Деҳлӣқарор гирифт. Пас аз Ғазнавиён, салтанати Панҷоб ба дасти салотини Ғурӣ гузашт. Султон Муиззуддин Муҳаммади Сом, маъруф ба Шиҳобуддин, атрофи онро ба яке аз ғуломони худ ба номи Қутбуддини Ойбек (Айбек), ки ба мақоми амирӣ расида буд, дод. Пас аз ин, Деҳлӣ муҳимтарин маркази ҳукумати мусулмонон дар Ҳинд шуд. Дар даврони салтанати дудмонҳои исломии халҷиён, туғлуқиён ва «содоти»-и Деҳлӣ Агра гоҳе ба дасти ҳокимони маҳаллии ҳиндумазҳаб ва гоҳе ба дасти ҳокимони мусулмон гузаштааст. Баъдҳо дар даврони салтанати хонадони лудиён (асрҳои 15 – 16) пойтахт аз Деҳлӣ ба Агра интиқол дода шуд ва Агра аҳамияти таърихии худро аз ин замон пайдо намуд. Соли 1505 дар Агра зилзилаи сахте рух дод ва шаҳр хароб гардид. Салотини лудӣ дар ободонӣ ва тавсеаи Агра саҳми зиёде доштанд. Бобур ва писараш Ҳумоюн муддате дар Агра сукунат ихтиёр карданд ва Агра рӯ ба тараққӣ ниҳод. Бобур ва подшоҳони дигари темурӣ дар Агра боғҳои бисёре сохтанд, ки бархе аз онҳо то кунун мавриди истифодаанд (Масалан, Чаҳорбоғ, Гулафшон, Ҳашт биҳишт, Зарафшон, Ромбоғ ва ғайра). Амирон ва ашрофи дарбор ҳам дар ду соҳили Ҷамна ба шевае, ки дар Мовароуннаҳр ва Эрон расму одат буд, боғҳо ва биноҳо сохтаанд, ки мардумони маҳаллӣ он ҷоро «Кобул» меномиданд. Дар аҳди салтанати Ҳумоюн ва Шершоҳ хеле равнақ ёфт ва дар он биноҳои маъруф, аз қабили «Кулли масҷид» (яъне масҷиди ҷомеъ) ва расадхона (ҳоло боқимондаи он бо номи «Ёздаҳпилла» ёд мешавад) сохта шуданд. Дар замони Акбар дубора ободонӣ ва тавсеаи Агра дар ду тарафи рудхонаи Ҷамна оғоз шуд. Дар ин замон дар Агра чанд бино сохта шуд, ки аз биноҳои пурарҷтарини меъмории исломӣ ба шумор мераванд. Агра ҳамчунин маркази илму адаби ҷаҳони ислом буд. Дар ин ҷо донишмандон, шоирон ва адибон аз нуқоти мухталиф ҷамъ шуда буданд. Ҳаёти илмӣ ва фарҳангии дарбори Темуриёни Ҳинд дар осори муаррихони исломӣ ва сафарномаҳои донишмандон ва сайёҳони аврупоӣ ба тафсил дарҷ ёфтааст.
Замони ҳукумронии Акбар
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар замони шоҳ Акбар дар Агра дар соҳили ғарбии Ҷамна қалъаи бузурге аз санги сурх ва сангҳои рангин сохта шуд. Сохтмони ин қалъа ҳашт сол тӯл кашид. «Қалъаи Акбаршоҳ», «Дарвозаи Деҳлӣ», «Акбардарвоза» (имрӯза «Дарвозаи Амар Сингх»), «Ҳаммоми шоҳ», «Масҷиди шоҳ» ва ғайра аз осори меъмории замони Темуриёни Ҳинд дар Агра маҳсуб мешаванд, ки бархе аз онҳо имрӯз ҳам ба сурати аввалия боқӣ мондаанд. Дар замони Акбар Агра «Акбаробод» низ номида мешуд. Наҳрҳо, иншоотҳои обӣ, мадрасаҳо ва шаҳракҳои нав дар атрофи Агра аз муҳимтарин иқдомоти Акбаршоҳ маҳсуб мешаванд. Мақбараи Акбаршоҳниз дар Сандараи Агра қарор дорад. Дар давраи шоҳ Ҷаҳонгир биноҳои бисёре сохта шуданд, аз қабили: Мақбараи Эътимодуддавла (падари Нурҷаҳонбегим), Ҳаммоми-Аловардихон, Масҷиди Мӯътамадхон, Боғи Баландхон (раиси хоҷагони ҳарамсаро) ва Мақбараи Акбаршоҳ дар Сандара. Муҳимтарин ва арзишмандтарин биное, ки дар даврони Шоҳҷаҳон дар Агра сохта шуд, маҷмааи «Тоҷмаҳал» мебошад, ки шоҳ барои хотираи ҳамсараш Арҷмандбону (Мумтозмаҳал) бино кардааст.
Осори меъмории Агра
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз осори меъмории Аграи замони Шоҳҷаҳон ҳамчунин Масҷиди ҷомеи шаҳр, Идгоҳи шаҳр, Масҷиди Марворид, Шишамаҳалро (Қасри оинакорӣ) метавон ном бурд. Агра ҳатто пас аз марги Ҷаҳонгирдар оғози салтанати Аврангзеб маркази ҳукумати Темуриёни Ҳинд буд. Аврангзеб пойтахтро аз Агра ба Деҳлӣ кӯчонд. Аз муҳимтарин осори меъморие, ки дар замони Акбаршоҳ дар Агра сохта шудааст, «Нигина масҷид» (дар дохили қалъа), шабакаи девори сафед дар гирди Мақбараи Шоҳҷаҳон, «Масҷиди Оламгир» ва ғайра мебошанд. Бо интиқоли пойтахт аз Агра ба Деҳлӣ ин шаҳр аҳамияти сиёсӣ ва фарҳангии худро аз даст дод. Соли 1803 англисҳо Аграро забт карданд. Агра дар замони ҳукумати англисҳо маркази штати шимолӣ – ғарбӣ буд. Муассисаҳо ва созмонҳои давлатии Англия дар Агра қарор доштанд. Соли 1857 дар Агра шӯриши мардумӣ рух дод. Дар даврони ҳукумати англисҳо бахши бузурге аз осори таърихии Агра хароб гардид. Бисёре аз биноҳои қалъа ба идораҳои давлатӣ табдил дода шуданд ва қисме чун масолеҳи сохтмони биноҳои нав истифода шуданд. Аз корҳои муҳиме, ки дар замони ҳукумати англисҳо анҷом шуд, сохтмони роҳи оҳан аз Деҳлӣ то Агра, бемористон («Томсон - Ҳоспитал»), мадрасаҳои типи англисӣ, таъсиси донишгоҳ ва коллеҷҳои вобаста ба он, деворҳои олии шаҳр, зиндони марказӣ ва ғайра мебошанд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абулфазл Аллома, Ойини Акбарӣ, ҷилдҳои 1 – 2, Калкатта, 1876 – 1877;
- Неру Дж., Открытие Индии, М., 1955;
- БабурЗахириддин Мухаммад, Бабур - наме («Записки Бабура»), Пер. М. Салье, Ташкент, 1958;
- История Индии в средние века, М., 1968;
- Ашрафян К. З., Феодализм в Индии: особенности и этапы развития, М., 1977;
- Ашрафян К. З., Средневековый город Индии XIII – середины XVIII вв., М., 1993.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.