Агробиология
Зоҳир
Агробиология (лот. Agrobiology) — илм дар бораи қонунҳои умумии биологӣ дар соҳаи зироат ва чорводорӣ, биологияи агрономӣ.Зери мафҳуми Агробиология дар амалияи кишоварзӣ истифода кардани қонуниятҳои асосии биологӣ дар назар дошта мешавад. Солҳои 40 — 50 садаи XX Т. Д. Лисенко ва пайравони ӯ барои бо истилоҳи «Агробиология» пурра иваз кардани мафҳуми «биология» кӯшиш карданд. Ин ақидаи онҳо беасос буд ва амалӣ нагашт. Солҳои охир истилоҳи «Агробиология» кам истифода мешавад ва ҷойи онро мафҳуми биологияи кишоварзӣ гирифтааст[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 1 А — Н (нашри дувум)./Зери таҳрири С. Назарзода, А. Сангинов, С. Каримов, М. Ҳ. Султон. — Душанбе 2010, — c. 37 ISBN 978-99947-69-39-1
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Агробиология // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.