Агробиосеноз
Зоҳир
Агробиосеноз (аз агро…, юнонӣ bios – ҳаёт ва koinos – умумӣ) — ҷамоаи мавҷудоти киштзор ва боғот; яке аз шаклҳои маъмули биосенозҳои дуюмин. Ҳар навъ зироат агробиосенози хоси дорои як силсила навъҳои доимию бартаридошта бунёд мекунад. Аз сабаби суст будани равандҳои худтанзимкунӣ агробиосеноз дер вуҷуд дошта наметавонад (нигар Агрофитосенозҳо); устувории муваққатии онро одам назорат мекунад. Хосияти дигари муҳими агробиосеноз каме бартарӣ доштани ҷонварони алафхор, хусусан зараррасонҳо (масалан, ҳашарот) мебошад. Асоси агробиосенозро рустаниҳои мазрӯъ ташкил медиҳанд. Онҳо якҷоя бо алафҳои бегона намудҳои ҳайвонҳои маскунро муайян месозанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.