Агрофизика
Агрофизика — физикаи агрономӣ, як соҳаи илм. Агрофизика равандҳои физикавии хок, рустанӣ ва роҳу васоити танзими ҳарорати хок, рӯшноӣ ва ғайраро меомӯзад. Аз 4 фасл иборат аст: физикаи хок, физикаи ҳаво, биофизикаи рустанӣ ва роҳҳои танзими шароити муҳити рустанӣ. Агрофизика ибтидои садаи XX ташаккул ёфтааст. Ривоҷу равнақи он ба комёбиҳои табиатшиносӣ, хусусан физика ва биофизика, математика, кибернетика, электроника, физикаи нимноқилҳо, полимерҳо ва пластмасса вобастагӣ дорад. Агрофизика илмҳои кишоварзиро бо усулҳои наву мукаммали пажӯҳиш таъмин месозад. Ҳангоми пажӯҳишҳои агрофизикӣ аз асбобҳои дақиқ (термометр, намисанҷ, асбобҳо барои чен кардани мувозанати ҳарорат, суръати об, моддаҳои ғизоӣ ва ғайра) истифода мебаранд. Натиҷаи тадқиқоти агрофизикӣ барои дарёфти усулҳои нави агрономӣ ва такмили усулҳои пештараи нигаҳдории намии хок ва беҳтар сохтани низоми ҳарорати он, муайян намудани усулҳои беҳтари кишт, шудгори замин ва ғайра истифода мешавад. Дар гармхонаю парвардахонаҳо парвариш кардани сабзавот, ки дар асоси тадқиқоти агрофизикӣ ба роҳ монда шудааст, муҳлати нашвро кам ва ҳосилро зиёд мегардонад. Барои сабзавоткорӣ истифода намудани плёнкаҳои полимерӣ, танзими автоматии парвариши сабзавот (дар гармхонаҳо), дар анборҳои маҳсулоти кишоварзӣ нигоҳ доштани шароити доимии мувофиқ аҳамияти калон доранд. Оид ба масъалаҳои Агрофизика дар Институти хокшиносии АИКТ ва Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустаниҳои Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқот мебаранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Агрофизика // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.