Агрофитосенозҳо
Агрофитосенозҳо (аз агро…, юнонӣ phyton – рустанӣ ва kainos – умумӣ) — агросенозҳо, ҷамоаи набототе, ки инсон бо роҳи сунъӣ ба вуҷуд овардааст. Агрофитосенозҳо вобаста ба нашъунамо ва намуди рустаниҳо, таъсири мутақобила, майдони ғизо ва ғайра гуногун мешаванд: Агрофитосенозҳои аз худшуда –ҷамоаи табиии наботот, ки дар натиҷаи истифода бурдан тағйир ёфтааст (масалан, беша ва марғзоре, ки мунтазам истифода мешаванд); Агрофитосенозҳои роғӣ – ҷамоаи сунъии наботот, ки нашъунамои онҳоро мунтазам танзиму назорат намекунанд (масалан, ниҳолзор ва марғзорҳои бисёрсолаи кишта); Агрофитосенозҳои боғӣ – ҷамоаи сунъии наботот, ки нашъунамои онҳоро инсон мунтазам танзиму назорат менамояд (масалан, боғот, ниҳолзорҳо, киштзорҳо); Агрофитосенозҳои хонагӣ (дастпарвар) – ҷамоаи набототе, ки барои нашъунамои онҳо на фақат хок, балки обу ҳаво ҳам муҳайё ва танзим карда мешаванд (масалан, зироати гармхонаҳо, аэропоника, гидропоника ва ғайра).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.