Агрохимия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Агрохимия (аз агро… ва химия) химияи агрономӣ — як соҳаи илм. Агрохимия равандҳои химиявии хоку наботот, ғизои минералии растанӣ, истифодаи нурӣ ва воситаҳои химиявии мелиоратсияи хокро меомӯзад. Агрохимия бо хокшиносӣ, зироат, метеорология, физиология ва биохимияи растанӣ, микробиологияи кишоварзӣ, физика ва химия робитаи зич дорад. Омӯзиши ғизогирии растанӣ, таъсири тарафайни нурӣ ва хок, тарзи нуриандозӣ, мелиоратсияи хок (оҳаку гаҷандозӣ) ва тадқиқу истифодаи заҳрҳои химиявӣ фаслҳои агрохимия мебошанд. Агрохимия дар натиҷаи афзоиши талаботи аҳолӣ ба зироат ташаккулу инкишоф ёфт. Китоби аввалин оид ба асосҳои химияи зироат соли 1761 аз ҷониби олими швед И. Валериус навишта шудааст. Омӯзиши назариявӣ ва амалии ғизогирии растанӣ, баланд бардоштани коэффитсиенти истифодаи нурӣ, дарёфти усулҳое, ки барои моддаҳои ғизоии хокро беҳтар истифода бурдани растанӣ кӯмак мерасонанд, истеҳсоли нуриҳои босамар ва ғайра аз ҷумлаи масоили кунунии агрохимия мебошанд. Ҳангоми тадқиқоти агрохимия аз усулҳои химиявӣ ва биологӣ истифода мебаранд. Натиҷаҳои илмии агрохимия барои ҳосилхез гардондани хок ва афзудани ҳосил мусоидат менамоянд. Дар ҷумҳурӣ 4 лабораторияи минтақавии агрохимиявӣ мавҷуд аст. Онҳо дар масъалаҳои оқилона истифода бурдани нуриҳои минералию органикӣ ва тартиб додани картограммаи ҳосилхезии хок ба хоҷагиҳо ёрӣ мерасонанд. Оид ба агрохимия дар Институти тадқиқоти илмии зироат, Институти хокшиносӣ, Кафедраи агрохимияи ДАТ тадқиқот мебаранд.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]