Агуштпона

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Агуштпона
Агуштпона

Агуштпона́, ангуштвона́, ангуштбона́ — афзорест, ки ҳангоми дарздӯзӣ ба сари ангушт мепӯшонанд.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Агуштпонаро дар садаи XVII заргари амстердамӣ Николай Бентонен ихтироъ кардааст (мувофиқи ривояте заргаре агуштпонаро барои озор наёфтани ангуштони маҳбубаашон, ки гулдӯз буд, сохтааст). Дар байни халқҳои Осиёи Миёна анъана шудааст, ки дар бисоти духтар (арӯс) ҳатман ангуштпона мегузоранд. Инчунин ба хайёте, ки сару либоси арӯсро медӯзад, ангуштпона туҳфа мекунанд. Агуштпонаро аввалҳо аз тило месохтанд. Ҳоло аз филизоти арзонбаҳо месозанд.

Сохт[вироиш | вироиши манбаъ]

Агуштпона махрутшакл буда, барои налағжидани сӯзан сатҳи берунааш чуқурак дорад. Агуштпонаро, одатан, ба ангушти миёна мепӯшанд ва ҳангоми дӯхтани кӯрпа, тоқӣ, либос ва матоъи дурушт истифода мебаранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]