Jump to content

Адабиёти Осиёи Миёна

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Адабиёти Осиёи Миёна, газетае буд, ки баъди ташкили Комитети ташкилии ин Итиҳоди Шӯрави ҳамчун органи бюрои ташкилии Осиёи Миёна-гии ин Итиҳоди Шӯрави аз 7 ноябри соли 1933 то сентябри соли 1934 дар Тошкент мебаромад. Ба ҳайати таҳририяи «Адабиёти Осиёи Миёна» М. Алексеев (муҳаррири масъул),С.Трегуб (ҷонишини муҳаррир), Ашӯров, Лоҳутӣ, Мачидӣ, Тукумбоев, Чориев, Семёнов, Круковский, Моначинков, ки намояндагони адабиёти рус, тоҷик, ӯзбек, кирғиз ва туркман буданд, дохил мешуданд. Дар сахифаҳои «Адабиёти Осиёи Миёна» тарҷумаи чандин асарҳои бадеии адибони тоҷик, хабару макола ва хулосаву материалҳои гуногун доир ба ин адабиёт ҷой гирифтаанд. Дар газета табрики Садриддин Айнӣ ба муносибати интишори «Адабиёти Осиёи Миёна» ва достони у «Октябри 16-сола» чоп гардидааст. Дар «Адабиёти Осиёи Миёна» оид ба Садриддин Айнӣ, А. Лохутӣ, Рабиӣ, Саидалӣ,Вализода, Муллодуст Қандзодаи ёгедӣ ва дигарҳо мақолахо чоп шудаанд. Газета рочеъ ба рафти Съезди I-уми нависандагони Тоҷикистон (10—15 май 1934) маълумот дода, қисми маърузаю нутқдои раисн фахрии Комитети ташкилии ин Тоҷикистон А. Лохутӣ, раиси Комитет Носиров, С. Айнӣ, Фитрат, Поль Низан (Франция), Обид Исматӣ, Ғанӣ Абдулло, Алихуш, Р. Налил, Юртаев, Мирзо Турсунзода Рабиӣ, Бектош, Расулӣ, Музаффара, Дайламӣ, Хаким Карим ва дигарҳо адибонро дастраси хонандагон намудааст.