Адабиёти методӣ
Зоҳир
Адабиёти методӣ — маводи раҳнамунсози таълимӣ. Аз рӯи аҳамият ва истифода ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешавад: Адабиёти методие, ки роҳ, усул, тарзу тариқ ва воситаҳои таълими фанҳои алоҳидаро фаро мегиранд. Аз онҳо бештар муаллимону мушовирон истифода мебаранд. Адабиёти методие, ки барои хонандагон, падару модарон ва дигар шахсон пешниҳод мешаванд. Адабиёти методие, ки барои омӯзиш, таҳлилу тадқиқ, инчунин муназзам сохтани корҳои илмӣ офарида мешаванд. Адабиёти методие, ки ба худомӯзӣ, худинкишофу худривоҷдиҳӣ мусоидат менамоянд. Адабиёти методӣ алоҳида, дар таркиби китобҳои дарсӣ, барномаҳо, маҷмӯаҳо, дар шакли мақола ба табъ мерасанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.